Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр муайян шудааст, самимияту эҳтироми хешро ба Президенти ҷумҳурӣ ҳамчун барқароркунандаи давлати навини тоҷикон изҳор менамоем»,- чунин иброз намуд узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад.
— Дар ин ҷашни давлатӣ мардуми Тоҷикистон хизмату заҳматҳои бузурги Президенти мамлакатро қадрдонӣ ва баҳогузорӣ намуда, арзи сипос ба чунин фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик менамоянд. Сипосномаву арзи эҳтироми самимиро дар Рӯзи Президент барои Пешвои миллат бо назардошти хизматҳои беназирашон дар роҳи таҳкими сулҳу субот ва амнияти мамлакату ҷомеа баён менамоем:
Арзи сипос ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон.
Арзи сипос барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон, барои ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, барои эҳёи иншооти бузурги аср, эҳёи арзишҳои мондагори ниёгон, бузургдошти хотираи таърихии миллати тоҷик.
Арзи сипос барои хизматҳои бузург дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ ва сохтору воҳидҳои низомӣ. Президенти мамлакат тавонистанд дар муддати кӯтоҳ стратегияи мушаххасеро ба кор баранд, ки тибқи он, аз як тараф, мубориза бо қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, аз ҷониби дигар, созмон додани Артиши миллӣ муайяну мушаххас шуд.
Арзи сипос барои таъмини амнияту оромии ҷумҳурӣ ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ. Дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бисёр масъалаҳое пеши рӯ омаданд, ки барои бартараф намудани онҳо дар аксари маврид ҳама умед танҳо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доштанд. Президенти ҷумҳурии мо нагузоштанд, ки алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ба сарҳади ҳамсоядавлатҳо гузашта, харобиҳои зиёд оварад. Яъне дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ аз замони ҷанги шаҳрвандӣ то ҳанӯз Сарвари сиёсии мо накши хеле муҳимро бар дӯш доранд.
Арзи сипос барои шуҷоатмандии бемисл дар арсаи сиёсӣ барои бурдбориҳои созандаву бунёдкориҳо. Танҳо бунёди як Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист имиҷи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланду боло гардонад. Инчунин барои бунёди дигар неругоҳҳои мамлакат, кушодани нақбҳою пулҳо, сохтмони роҳҳои заминӣ ва паҳнбари оҳан ва дигар бунёдкориҳо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон.
Арзи сипос барои эътирофу эҳтиром ба хизматҳои таърихии абармардони тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур, ки ба онҳо унвони баландтарини давлатӣ- Қаҳрамони Тоҷикистонро мушарраф гардонидаанд. Ин амал агар, аз як ҷониб, барои хизматҳои шоёни онҳо ба миллат ва эҳёи хотираи таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастию пос доштани хотираи мардони ҷонфидои миллати тоҷик мебошад.
Арзи сипос барои назари некбинона доштан ва пуштибонӣ аз олимону илми ватанӣ. Агар Президенти мамлакат Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар замони тағйирпазирии ҷомеа дастгирӣ ва ба он таваҷҷуҳ зоҳир намекарданд, академияи мо низ мисли дигар академияҳои баъзе мамлакатҳои пасошӯравӣ аз байн мерафт ва мо дастовардҳои илми академиро аз даст медодем. Аз ин рӯ, то замоне, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавҷуд аст, ин иқдоми хирадмандонаи Президенти мамлакатро ҳамчун иқдоми шоиста барои нигоҳ доштани илми академии тоҷик ҷовидона медонанд.
Арзи сипос барои асарҳои бунёдиашон, ки дар раванди давлатдории миллӣ заминаи босазое дар таълиму тарбияи шаҳрвандони мо мегузоранд. Асарҳои таърихии Президенти муҳтарами мамлакат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Ҷеҳраҳои мондагор», «Забони миллат- ҳастии миллат», «Уфуқҳои Истиқлол» мебошанд, ки мояи ифтихору эҳтиром гардидаанд.
Арзи сипос барои эҳёи суннатҳои миллӣ ва дастгирии таҷлили Соли тамаддуни ориёӣ, истиқболи ҷашни Наврӯз, эҳё намудани ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва Тиргон.
Арзи сипос барои рушд ва густариши забони давлатӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва дар ин замина барқарор намудани якчанд суннатҳои миллӣ, анъана ва ёдгориҳои таърихии мардуми Тоҷикистон, ки ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид гардид.
Арзу сипос барои дастгирӣ ва гузаронидани ҳамоишҳои байналмилалие, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе барои таҳкими имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ зарурати хосса доранд ва онҳо обрӯи давлати моро дар сатҳи сиёсати байналмилалӣ тақвият мебахшанд.
Арзи сипос барои мақом ва эътирофи Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ҳамчун шахсияти сиёсии соҳибтаҷриба дар сиёсати ҷаҳони муосир.
Ин аст, ки Си Ҷинпин дар Саммити якуми сарони мамлакатҳои «Чин – Осиёи Марказӣ» бузургӣ ва воломақомии Шуморо чунин баён намудааст: «Шумо, Ҷаноби Президент миёни мо — сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошанд». Дарвоқеъ, эътирофи Президенти мамлакати мо дар сатҳи чунин сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ- ин эҳтирому эътироф ва нангу номуси миллату давлат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мебошад.
Албатта, чунин арзи сипосҳои бепоён барои миннатпазирии хизматҳои шоистаи Президенти мардумии ҷумҳуриамон хеле зиёд мебошанд, ки ҳамаи онҳоро ном бурдан дар ин ҷашнвора амри муҳол аст, аммо касбияти идоракунии давлатӣ, сулҳу салоҳу оромии мамлакат ва дигар амалҳои инсонпарваронаи Ҷаноби Олиро дар Рӯзи Президент ҳамчун армуғони тару тоза бояд шарҳу баён намуда, ҳадяи мардум намоем.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипоси беҳамтои худро шахсан ба Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон мерасонам.
Умедворам, ки ҷашни давлатии Рӯзи Президент барои мову шумо ҳамеша ҳамчун иди мустақили фараҳбахш ва пурифтихор боқӣ мемонад. Инчунин ба ҳамзабонони бурунмарзӣ, ки меҳру садоқат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакатамон доранд, пирӯзиҳои нав ба нави миллӣ таманно дорам.
Абдураҳмон МУҲАММАД,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»