ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ВОКУНИШ!

Ахиран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он шаҳрванд Назарова Манижа (Манижаи Умедулло) дар маросими хонадоршавии яке аз пайвандонаш бо истифода аз усулҳои барои фарҳанги маъракаороии мо бегона аз иштирокдорони маросим маблағ ҷамъ мекунад. Вобаста ба ҳолати мазкур рӯзи 27 ноябри соли равон шаҳрванд Назарова Манижа барои суҳбат ба намояндаи мақоми ваколатдор даъват карда шуд. Номбурда бо дарки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз кирдори худ сидқан пушаймонӣ намуда, иброз дошт, ки аз кардаи худ пушаймон аст ва ба дигарон низ маслиҳат намедиҳад, ки чунин кирдори барои мардуми мо бегонаро ҳангоми доир намудани ҷашну маъракаҳо амалӣ кунанд.
Нисбат ба Назарова Манижа дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top