ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ФОРУМИ МИЛЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҶАЛБИ МАРДОН ВА ПИСАРОН ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ЗӮРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ШУД

24 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи муштараки Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) «Нури рӯшноӣ» дар Тоҷикистон Форуми миллӣ оид ба ҷалби мардон ва писарон дар ҳалли масоили зӯроварии гендерӣ баргузор шуд. Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси СММ Форумро доир намуданд. Дар Форум намояндагони Кумитаи дин, танзин, анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО, Асотсиатсияи психологони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсияатсияи миллии таэквандо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, мардони бонуфуз, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва варзишгарон иштирок намуданд.
Таҳлилгари барномаҳои масоили гендерии Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон Нилуфар Баҳромзода, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Юсуфзода, Раиси Федератсияи таеквондои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаид Яҳёев ва намояндагони Қазоқистон ва Туркманистон дар Форум дар бораи таҷрибаҳои беҳтарини ҷалби мардон ва писарон барои пешгирии зӯроварии гендерӣ маърӯза карданд.
Дар қисмати охири чорабинӣ, фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои иштирокчиён бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани мардон ва писарон барои решакан намудани зӯроварӣ шунида шуданд.
Ташаббуси Нури рӯшноӣ – ин шарикии глобалии бисёрсола миёни ИА ва СММ мебошад, ки барои хотима бахшидан ба ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон то соли 2030 равона шудааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top