Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма №622 аз 7 феврали соли 2009 аз ҷониби комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон мақолаи “Тифлбаророн” расми нави мардумист?” (“Садои мардум”, муаллиф Муҳаммад Зокир) мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар матлаби мазкур доир ба ҳолати худнамоӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми аз таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон ба хона бурдани тифлони навзод сухан меравад.
Муҳтавои мақолаи мазкур ва таҳлилҳои муаллифи онро ба назар гирифта, комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо масъулони комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими беморхонаи марказии ноҳия ва масъулони дигар муассисаҳои тиббӣ вохӯрӣ доир намуд. Ба масъулони комиссияи ҷамъиятии мазкур ва дигар кормандони соҳа дар ноҳия таъкид карда шуд, ки ҳарчанд дар қонун вобаста ба расми навпайдои бодабдаба баровардани тифлон аз беморхона муқаррароти мушаххас таъйин нашудааст, аммо ҳадафи ниҳоии Қонун пешгирӣ аз ҳама гуна исрофу зиёдаравӣ ва сарфу харҷи беҳуда аст. Аз ин лиҳоз, зарурати бо падару модарони тифлон ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба таври қатъӣ таъкид гардид.
Гузашта аз ин, аз ҷониби бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД н. Ёвон нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, бо падару модарон ва дигар сокинони ноҳия вобаста ба моҳияти қонун ва ҳадафҳои он, инчунин пешгирӣ аз расми навпайдои болозикр корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда истодааст.
МИҲД н. Ёвон