ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ПАЙРАВӢ АЗ МАЗҲАБ – РАҲНАМОИ САОДАТИ ҶОМЕА

Беш аз ҳазор сол муқаддам Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рўдакӣ таърихи оламро манбаи дарёфти таҷриба ва ақлу хирад муаррифӣ кард ва баҳра бурдан аз равиши ҳаётро беҳтарин омили саодатмандӣ ҳукм намуд, ба ин маънӣ, ки:
Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд…
Аз замони зиндагии ин ҳакими бузург то кунун олам ҳазорон маротиба тағйири шаклу маънӣ кард, роҳу равиши андешаҳо дигаргун шуд, давлатҳои зиёде барпо ва сипас таназзул карданд, ҷомеаҳои зиёде омадурафт намуданд. Бузургони хирад ҷилд-ҷилд пандномаҳо ба ёдгор гузоштанд, то ки пасояндагон ибрат бигиранд. Ҳар нобасомоние, ки ба амал омад, натиҷаи ба эътибор нагирифтани таҷрибаи рўзгор ва таърих буд.
Дар дини мубини Ислом дар масоили маърифати ҳақ ва раҳнамоӣ ба дарёфти баракати умри фониву саодати фардо уламои зиёде заҳмат кашидаанд. Онҳо тимсоли ситорагоне буданд ва ҳастанд, ки ҳар яке дурахши ҷудогонае доранд. Дар ин миёна ахтари тобоне ба исму фаъолияти Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит маъруфу машҳур ба Имом Аъзам рабт дорад, ки дар ҷаҳони ислом мақому манзалат ва ҷойгоҳи бузурге дорад. Ин абармарди олами ислом тавассути бунёди як мазҳаби бузург кулли арзишҳои диниро ба нафъи бахту саодати бани башар равона кард, фитнаву ихтилофҳо ва идроки нодурусти муҳтавои андешаи диниро аз байн бурд ва такя бар хираду илму фазилатро болонишини ҳама афкору аъмоли инсонӣ қарор дод.
Имоми Аъзам тавассути осори гаронбаҳояш ба оламиён собит намуд, ки ҳама унсурҳои дини мубини Ислом, тамоми муқаррароти ин дини муҳаммадӣ зиндагисоз ҳастанд. Ислом дини пешрафт, дини инсонпарвар ва такондиҳанда ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар аст. Махсусан дар мазҳаби поку мубаррои Имом Абўҳанифа ҳама принсипу омилҳо ва шароит барои зиндагии осуда муҳайёст. Дар ин хусус як олам сухан гуфтан метавон. На танҳо тарҳи зиндагии шоистаи як мусалмон, балки як ҷомеаи мутараққӣ дар низоми ақоиди Имоми Аъзам асрҳо боз бунёд шудааст. Дар масоили фиқҳӣ, дар масоили ахлоқу муносибат бо аҳли ҷомеа ва раҳбарони давлат, муносибат бо пайвандону наздикон, ахлоқи ҷамъиятӣ, афзалият доштани илму дониш ва маърифат мазҳаби мазкур дарёи маърифатро мемонад. Аз ин дарё истифода кардан, арзишҳои онро ҷудо-ҷудо ба нафъи давлату ҷамъият, ба манфиати мардум равона кардан лозим аст. Танҳо як таҳаммулпазирие, ки ин мазҳаб дар батни худ дорад, боиси он шудааст, ки дунёи муосир аз бисёр хатарҳо муҳофизат шуда истодааст.
Набояд фаромўш кард, ки Абўҳанифа дар вазъи хеле мушкили хилофат зиндагӣ намуда, дар баробари аркони муҳими шаръиёту фарзиёти исломӣ, аз қабили Қуръону ҳадис, ҳамчунин усулҳои урфу қиёс ва истеҳсону иҷмоъро ҷавҳари фиқҳи худ қарор дода, дар байни мусулмонон таҳаммулгароӣ ва эътидолро ибтидо гузошт. Ў вобаста ба падидаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии замонаш ақидаҳои равшану ҳадафрас баён намуда, ислоҳоти ҷомеаро омили муҳими пешрафт меҳисобид. Андешаҳои ин рўҳонии бузург имрўз ҳам рўзмарра буда, мардумро ба тақвову покизагӣ, ободии мулк, дўст доштани сарзамини аҷдодӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва озодиву истиқлол раҳнамоӣ мекунанд.
Ба оламиён тўли беш аз ҳазор сол маълум шудааст, ки зиндагӣ дар сояи мазҳаби ҳанафӣ ва рафтору гуфтор дар партави муқаррароти он бешак, саодатмандӣ ба бор меорад. Ба ҳамин хотир аст, ки тамоми бузургону адибон ва фақеҳону донишмандони форсу тоҷик дар осори худ ин мазҳабро сутудаанд ва аз пешвоёну имомони он ба некӣ ёд кардаанд. Чунончи, Шайх Аттор дар «Панднома»-и хеш мефармояд:
Он имомоне, ки карданд иҷтиҳод,
Раҳмати Ҳақ бар равони ҷумла бод.
Бўҳанифа буд имоми босафо,
Он сироҷи умматони Мустафо.
Роҳибаш Бўюсуфи қозӣ шуда,
В-аз Муҳаммад зулминан розӣ шуда.
Бод фазли Ҳақ қарини ҷони ў,
Шод бод арвоҳи шогирдони ў.
Ҳар як фарди солимфикр ба хубӣ медонад, ки яке аз омилҳои асосии ихтилофот ва низоъҳои ақидавии замони муосир тарк намудани яккамазҳабӣ ва пайравӣ аз ҳар гуна равияҳо ва фирқаҳои навзуҳур ба шумор меравад. Уламо мегўянд, ки аз тарк намудани пайравии як мазҳаби муайян саҳлангорӣ дар умури дин ва нобоварӣ ба мазҳаб пайдо мешавад ва ин амр боиси ба вуҷуд омадани низоъу фитна дар ҷомеа мегардад. Илова бар ин, пайравӣ ба як мазҳаби дуруст сабаби амну субот дар ҷомеа буда, инсонро аз изтироб ва шакку шубҳа дар роҳи худошиносӣ дур месозад.
Бояд ба эътибор гирифт, ки агар хатое дар амал содир шавад, ислоҳи он чандон мушкил надорад, вале чун хато дар эътиқоду андеша рафт, зиёне бештар ва душвортаре меорад. Ҳоло Тоҷикистон дар чунин вазъе қарор дорад, ки мазҳаби ҳанафӣ беҳтарин омили рушди он аст ва ворид шудани мазоҳиби дигар, хосатан ақидаву афкори тундрави хос ба созмонҳои ифротӣ мамлакатро аз мадори ҳаракаташ берун хоҳад кард. Дар тору пуди ин мазҳаби пок ақлу хирад ва суботу таҳаммул реша дорад, ки беҳтарин неъмати зиндагӣ ва охират ба шумор меоянд. Ҳамин аст, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ин бобат мефармояд:
Роҳи обо рав, ки он ҷамъият аст,
Маънии тақлид забти миллат аст.
Нақш бар дил маънии тавҳид кун,
Чораи кори худ аз тақлид кун.
Иҷтиҳод андар замони инҳитот,
Қавмро бар ҳам ҳамепечад бисот.
З-иҷтиҳоди олимони камназар,
Иқтидо бар рафтагон маҳфузтар.
Фикрашон ресад ҳаме бориктар,
Варъашон бо Мустафо наздиктар.
Танг бар мо раҳгузори дин шудаст,
Ҳар лаиме роздори дин шудаст.
Аз якоинӣ мусалмон зинда аст,
Пайкари миллат зи Қуръон зинда аст.
Аз ин рў, бояд лаҳзае аз он фикр ғофил набошем, ки мазҳаби хешро эҳтиёт ва муҳофизат намоем, нагузорем, ки ихтилофи андешаи динӣ дар ҷомеаи муттаҳиди мо роҳ ёбад ва кўшиш кунем, ки масъулияти диндории хешро бо масъулияти ватандорӣ пайванд дода, рисолати хешро назди миллату сарзамин бо сари баланду виҷдони пок ва андешаи созанда ба ҷо биёрем. Дўст доштани ватан низ аз имондорист ва набояд лаҳзае фаромўш кард, ки дину миллату ватан се такягоҳи ҳар инсони соҳибдил дар ин марҳилаи рушди Тоҷикистон аст.
Ҳомидов Абдувоҳид
мутахассиси Раёсати фатво
Нет описания фото.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top