Дар асоси Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи иҷрои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Комиссияҳои ҷамъиятӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” инчунин комиссияи “Забони давлатӣ” санаи 7 декабри соли 2023 дар толори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мизи мудаввар бо иштироки Устодону донишҷӯёни Муассисаи мазкур баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Саодати Исайнӣ – намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминов Бурҳониддин – намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумвти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуда, вобаста мазмуну моҳияти қонунҳои мазкур ва риоя гардидани онҳо аз ҷониби ҷавонон ва инчунин камхарҷу содда баргузор намудани чорабинҳо, рӯзҳои иду ҷашнҳо ва тую маъракаҳои Устодону донишҷӯён, пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, зуроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳифз намудани Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, Муқаддасоти Ватан, ҳимояи марзу буми кишвар ёдовар шуда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуданд.
Ҳамзамон, дар навбати худ Устодони Донишкадаи мазкур низ суханрони намуда, оид ба фаъолияти Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар Донишкада ва таълиму тарбтяи донишҷуён зикр намуданд.
Дар охир чорабинии мазкур бо саволу ҷавоб бо иштирокчиён ба анҷом расид.