Бо мақсади шиносоии бештари донишҷӯёни факултет аз қонунҳои миллии кишвар, бахусус Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” бо ибтикори садорат вохӯрии намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо донишҷӯён доир гардид.
Дар чорабинӣ декани факултети журналистика, д.и.ф., профессор Қутбиддинов А., намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим – Хоҷамирзода М. ва Аминзода Б. иштирок доштанд.
Иштирокдорон доир ба қабули қонуни номбаршуда, афзалиятҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба он ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.