ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ – ТИШВИҚОТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ МАСЪУЛИЯТНОК БУДА, НАЗДИКОНИ ХУДРО ҲИМОЯ НАМОЕД”

Аз ҷониби кормандону волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия аксияи тарғиботӣ – ташвиқотӣ таҳти унвони “ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ МАСЪУЛИЯТНОК БУДА, НАЗДИКОНИ ХУДРО ҲИМОЯ НАМОЕД” ташкил ва баргузор карда шуда, дар натиҷа 150 адад маводҳои тарғиботӣ (буклет) дастраси сокинон ва дар биноҳо насб карда шуданд.
Мақсад аз ташкилу баргузории аксияи мазкур ин пеш аз ҳама огоҳ намудани сокинон хоса ҷавонон аз дуруст истифода намудани сомонаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии ҳар гуна амалҳои террористӣ ба ҳисоб меравад. Чунки мақсаду мароми гурӯҳои террористӣ ин пеш аз ҳама ба доми фиреби худ ҷалб намудани ҷавонони ноогоҳ мебошад.
Бешубҳа, амалҳои ҳар фард дар шабакаҳои интернетӣ метавонад дорои оқибатҳои ҷиддӣ ва фоҷиабор бошанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top