ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ЧАРО ПАЁМ МУБОРАК? Шарҳе эҳсосотӣ дар рӯзи Паём

Дар ин солҳо дар бораи Паёми солонаи Роҳбари давлат чанд маводи илмию таҳлилӣ ва як шеъри табрикӣ навиштам. Чун онҳоро рӯи саҳифа гузоштам, хушбахтона теъдоди зиёде аз ҳамватанон дарку истиқбол карданд. Аммо гурӯҳе ё шахсоне низ пайдо шуданд, ки ин маводро беҳуда, бемаънӣ, ноҷо ва ҳатто чоплусиву маддоҳӣ баҳо дода, аҳаммияти Паёмро инкор ва муаллифи маводро таънасор менамоянд.
Хусусан, дӯстону ҳамватаноне, ки бо сиёсати ҳукумат ҳамсӯ нестанд, дар шарҳҳои худ ин маводҳои илмию таҳлилиро фаъолона танқиду инкор намудаанд. Таҳқиру дашномҳо бошад, чун ҳамеша ҳисоб надоранд. Ҳамин ҳолат сатҳ ва тарзи муносибати моро бо арзишҳои аслии давлатдорӣ нишон медиҳад.
Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки Ватан, Давлат, Миллат ва рамзҳои асосии давлатдорӣ чун Истиқлол, Парчам, Конститутсия, Паём арзишҳои болои давлатдории миллии мо буда, болотар аз ҳизбу гурӯҳу баҳсу хоҳишу мавқеи сиёсии мо қарор доранд. Яъне новобаста аз он, ки мо сиёсати ҳукумати имрӯз ва амалкарди онро дуруст мешуморем ва ё дуруст намедонем, ҷойгоҳи он арзишҳои олии давлатдорӣ кам намешаванд. Ин алифбои сиёсат аст. Ва агар дуруст бияндешем, аксари суҳбатҳои ман рӯи ҳамин арзишҳои олист.
Дар бораи Паём бояд ақаллан ҳаминро донем, ки Паёми солона содир намудани роҳбари як давлат яке аз нишонаҳои асосӣ ё атрибутҳои асосии як давлати соҳибистиқлол аст. Илми сиёсатшиносӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ чунин мегӯяд.
Ҳамаи давлатҳои мустақил дар ин ё он шакле чунин анъана ва маросимро доранд. Конститутсияи Тоҷкистон низ талаб мекунад, ки Роҳбари давлат Паёми солона содир намояд.
Ба воситаи содир намудани Паём як давлати мустақил сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро муайян карда, ба ҷомеаи дохилӣ ва байналмилалӣ эълон мекунад. Он лаҳзаи муаррифӣ ё призентатсияи сиёсати дохиливу хориҷии давлат аз тарафи роҳбари он аст. Давлати вобаста, давлати тобеъ Паёми солона содир намекунад, балки Паём нишон ва хосаи давлати мустақил аст. Аз ин рӯ, Паём лаҳзаи тантанаи истиқлоли як давлат ва як миллат аст.
Ин аст, ки Паёмро ҷашн мегӯем, ин аст, ки Паёмро табрик мегӯем, муҳимм мегирем. Барои ҳеҷ огоҳи сиесӣ ё тоҷики ватандор ин ҷои шубҳае надорад.
Ин ҷо сухан ҳатто дар бораи мазмуни Паёми мушаххас ё тарзи амалӣ шудани он намеравад. Балки сухан аз худи ҳодисаи содир шудани Паём аз тарафи роҳбари давлати соҳибистиқлол, яъне таннатаву таҷаллии исттиқлоли давлатии тоҷикон меравад. Магар инро қабул надорем?
Ё агар бар фарз, шарҳнависони муҳтарам ё инкоркунандагони ин маводҳои таҳлилӣ ҳоким бошанд, дигар барои ҷомеаи дохиливу хориҷӣ Паёми солона содир намекунанд? Арзишҳо ва атрибутҳои давлатдориро инкор мекунанд?
Бале, ҳар кас ҳақ дорад бигӯяд, ки мақолаи мазкур хуб ё бад аст, андешаҳо муаллиф дуруст ё хатост, шеър баланд ё заиф омадааст, аммо инкори ҷойгоҳи Давлат, Истиқлол, Парчам, Конститутсия, Паём ва арзишҳои дигари давлатдорӣ дуруст нест. Набояд ба хотири ранҷиш аз ҳукумат, ниҳод ё шахсе тамоми муқаддасоти давлатдорӣ инкор шаванд. Ин раванди солим нест. Ин дақиқан ҳамон ҳолати дуруст нашинохтани фарқи ҳукумат аз ДАВЛАТ аст.
Албатта, дар бораи мазмуни Паёмҳои солона, тарзи иҷро шудани онҳо, натиҷаҳои амалии ҳар яки онҳо ҳар кас метавонад савол гузорад, эрод гирад, танқиди асоснок намояд. Дар ин самт саволҳо кам нестанд. Дар як калом, агар ҳамаи Паёмҳои солона ба таври боиста татбиқ мешуданд, ҳоло рушди кишвар аз ин ҳам беҳтар мебуд. Баҳсу савол метавонад дар ин ҳавза ва атрофи ин масъала бошад. Аммо дар бораи зарурати Паём ва аҳаммияти Паём ҳамчун рамзу атрибути давлату давлатдории мустақил ҷойи саволу пурсиш нест. Он муҳимм аст ва ҷашн аст.
Аз ин рӯ, мақолаҳои банда дар бораи аҳаммият ва ҷойгоҳи Паём маҳз аз ин назар таҳия шудааст ва моҳияту аҳаммияти Паёмро чун санади муҳимми давлатдорӣ ва рамзи истиқлоли давлатӣ шарҳу табрик мекунад. Ин ба мадҳу ситоиши касе ҳеҷ рабте надорад, он мадҳи Ватану Давлату Истиқлол аст, он изҳори сарфарозӣ аз расидани ин миллат ба чунин рӯзҳои соҳибдавлатист, ки ман аз он беихтиёр ифтихор дорам.
Ин эҳсосу ифтихор ба ҳаддест, ки дар аксари суханрониҳо дар чунин лаҳзаҳо маро ашк гулӯгир мекунад, беихтиёр эҳсосотӣ мешавам. Имсол дар як суханронӣ дар Рашт дар боби истиқлолу давлатдорӣ аз сари эҳсосу самимият шаш бор гулӯгир шудам… ва толор ашк мерехт. Ашки ифтихор, ашки шукрона аз ин, ки пас аз гузашти он ҳама фоҷеаҳои таърихӣ соҳиби ин Давлат ва ин Ватан шудаем…
Ман ин эҳсосу ин ифтихорро аз вуҷуди худ мегузаронам. Ин сатҳи дарки шахсии як фард нисбат ба Давлату Ватани худ аст. Ин ба ягон манфиат ва мадҳу ситоиш рабте надорад. Ин ҳамон ҳолатест, ки ба сухани Устод Турсунзода “аз Ватан гап сар кунӣ, дармегирифт!’…
Ва низ, банда дар гузаштаҳои акнун дур, тибқи масъулияту дархостҳо қариб даҳ сол аз муҳаррирони асосии лоиҳаи Паём будам ва ёд дорам, ки мо бо тамоми ифтихор қалбу рӯҳи худро дар он мегузоштем, то матни он дар сатҳи олии олӣ барояд. Ба он, ба ҳар ҷумлаи он ҳамчун санади муқаддаси давлатдории миллии худ муносибат мекардем. Ҳатто дар солҳое, ки мушовире ё котибе, тибқи тафаккури мавҷуда, номи маро аз ҷаласаи тантанавии шунидани Паём хат мезад, боз ҳам ман Паёмро муҳим медонистам, шарҳ мекардам, табрик мегуфтам. Зеро он арзиши усулӣ ва фаротар аз ин масъалаҳост.
Аз ин рӯ, ИМСОЛ НИЗ ПАЁМРО ТАБРИК МЕГӮЯМ!
Соати тантанаи истиқлоли давлатӣ, лаҳзати тантанаи давлату давлатдории миллии тоҷикон, лаҳзаи саодату суботу устувории давлатдориро табрик мегӯям. Ин ҷо муҳим нест, ки касе писандад ё написандад. Ин ҷо муҳим аст, ки мо ба Давлат, ба Истиқлол, ба Паём расидаем. Бегумон, он як ҷашни ҳар соҳибватан аст!
ПАЁМ МУБОРАК!
***
Шукўҳу манзалату шаъну эҳтиром муборак,
Намоди тантанаи давлату низом муборак,
Набарду ҳиммату пирўзии мудом муборак,
Бузургии назару вусъати калом муборак,
Барои миллати соҳибватан Паём муборак!
Забону миллату таъриху нангу ном муборак,
Зуҳури тозаи фарҳангу фарру ҷом муборак,
Давоми дигари ин роҳи бардавом муборак,
Ва шаҳди неъмати худмеҳварӣ ба ком муборак,
Барои миллати соҳибватан Паём муборак!
Қиёми лолаи парчам ба авҷи бом муборак,
Нишони зарҳали ин тоқи нуқрафом муборак,
Суботу ваҳдату осудагии ом муборак,
Сапедаи саҳару рўшании шом муборак,
Барои миллати соҳибватан Паём муборак!
Возможно, это изображение 1 человек

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top