Имрӯз, 8 январ Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар доираи сафари корӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда бо Вазири ҳаҷ ва умраи ин кишвар Тавфиқ ал Рабиа вохӯрӣ анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳаҷ ва умра мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамзамон миёни ду ҷониб Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили ҳаҷҷи мавсими соли 2024-ум ба имзо расид.
Зимнан, кишвари мизбони ҳаҷ имсол тибқи тартиб ҳиссаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳудуди 7000 адад муайян намудааст.