ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ДОСТОНИ ДИДОРБИНИИ МАРДИ КАР АЗ ҲАМСОЯИ БЕМОРАШ

Ба марде, ки гӯши ношунаво дошт, хабар доданд, ки ҳамсояаш бемор шудааст ва хост хабар гирифта ӯро дилхуш кунад. Марди кар ба худ андешид, ки дидорбинии ҳамсояи бемор воҷиб аст. Аммо чун гӯши худаш намешунид, дармонд, ки ҳангоми аҳволпурсӣ чӣ бигӯяду бо бемор чӣ гуна гуфтугӯ кунад. Пас аз фикри зиёд ба назараш расид, ки бар тибқи одат аз бемор мепурсанд «Ҳолат чӣ тавр аст?» Ва ӯ хоҳад гуфт: «Бад нест». Дидоркунанда бояд бигӯяд: «Худоро шукр!» Баъд бояд пурсид: «Чӣ хӯрдаӣ ва табиб чӣ доруе додааст?» ва бемор хоҳад гуфт, ки «фалон шарбат ё дору», ки дар баробари он бояд гуфт, ки «нӯши ҷон ва Худо онро гуворо кунад» ва дар охир, албатта, бояд пурсид: «Табиби шумо кист?» Ӯ номи табибро хоҳад гуфт ва ман бояд бигӯям: «Қадамаш муборак бошад».
Бо ин қиёсу пешбинӣ марди кар ба хонаи бемор рафт. Чун аз дар даромад, саломе гуфту он гоҳ:
Гуфт: «Чунӣ?» Гуфт: «Мурдам». Гуфт: «Шукр»,
Шуд аз ин, ранҷур пурозору нукр.
Баъд гуфт:
–Чӣ хӯрдаӣ?
Бемор бо хашм гуфт:
–Заҳр!
Кар гуфт:
– Нӯши ҷон.
Боз пурсид:
–Табибат кист?
Бемор бо нороҳатӣ ва ғазаб гуфт:
–Азроил!
Баъд аз он гуфт: «Аз табибон кист ӯ,
Ки ҳамеояд ба чора пеши ту?»
Гуфт: «Азроил меояд. Бирав!»,
Гуфт: «Пояш бас муборак. Шод шав».
Пас аз ин аҳволпурсӣ кар шодмон аз ин ки ҳамсояи беморро аёдат карда, дили ӯро ҳам шод намудааст, бидуни таваҷҷуҳ ба нороҳатии бемор, равонаи манзили худ шуд. Ӯ хушҳол буд, ки вазифаи ҳамсоягиро ба ҷо овардааст, ғофил аз он ки чун пурсишу посух бар хилофи тасаввури ношунаво, бар қиёсе, ки андешида буд, хуб баромад, марди бемор ӯро душмани худ донистааст.
Чун иёдат баҳри дилоромӣ аст,
Ин иёдат нест, душманкомӣ аст.
Хоҷа пиндорад, ки тоат мекунад,
Бехабар, к-аз маъсият ҷон меканад.
Бар ин минвол аст аҳволи мардуме, ки ба пиндори худ ба дигарон рафтор мекунанд ва аз аксуламали дигарон хабар надоранду ба худбиние, ки доранд, гумону пиндорро бо ҳақиқат яке мепиндоранд. Мавлавӣ мегӯяд, ки нахустин кас, ки қиёсу пиндорро дар бораи каломи муътабар аслу ҳақиқат қарор дод, Шайтон бувад. Он гоҳ ки Худованд Одамро офариду ба фариштагон амр кард, ки ба ӯ таъзим кунанд, Шайтон, ки худ низ фаришта буд, ба ин гумон, ки асли ӯ оташ асту бунёди Одам (а) аз хок ва хок аз оташ пасттар аст, аз фармони Худованд саркашӣ карду бо ин сабаб рондаи даргоҳ шуд. Худо фармуд, ки аслу насаб мавриди тавваҷуҳ нест, балки бартарӣ бо парҳезкорон аст. Ин расми ҷаҳон аст, ки ҳар фарзанде аз падару модар ирс мебарад. Барои пайдо кардани қибла дар рӯзи абрнок метавон даст ба домани қиёс зад, вале дар рӯзи равшан дар баробари Каъба масъалаи қиёс матраҳ нест. Набояд дар асоси ваҳму хаёл ба ғурур афтод ё бо як гумон дар ҳаққи дигарон бадгумон шуд. Бар бадии бадон бубахшед ва аз худбинию миннат бипарҳезед. Бо гуфтаи ҳакими донишманд, ҳамон ҷо, ки шароб хӯрдаӣ, бихоб, зеро агар маст аз майхона берун равӣ, бозичаи кӯдакон хоҳӣ шуд. Халқ ҳамагӣ кӯдаконанд, ғайр аз онҳое, ки масти бодаи ишқи Худо бошанд ва аз доми ҳавою ҳавас растаанд. Гумону хаёл ҳаргиз касеро аз ҳақиқат бениёз намекунад.
Аз “Достонҳои Маснавӣ”
Возможно, это иллюстрация (текст)

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top