ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШËРӢ ДИҲАД…

Баргузор намудани маҳфилу мулоқотҳо ва ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонону наврасон дар радифи ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани онҳо яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои ифротиву террористӣ аст.
Воқеан, имрӯз пешгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои ифротӣ ва террористӣ назар ба ҳар давраи таърихии дигар мушкилтару печидатар аст. Зеро замони технологияҳои муосири иттилоотӣ ва фарогир шудани интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар сурат кори “миссионерҳо” ë худ мубаллиғони андешаҳои ифротифу террористиро осон кардааст.
Аз имконоти васеи иттилоотии ҷаҳони муосир истифода бурда, бисëре аз террористон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ андешаҳои вайрониовври худро паҳн менамоянд ва ин хавф ба вуҷуд меояд, ки бархе аз ашхоси ноогоҳ зери таъсир қарор бигиранд.
Ин ҳолат аз тамоми қишрҳои ҷомеа тақозо менамояд, ки бо дарки баланди масъулият бар зидди паҳншавии афкори бадхоҳонаи гурӯҳҳои ғаразноки террористиву экстремистӣ бархеста, дар якҷоягӣ таъсири ин зуҳуроти номатлубро ба зеҳни наврасону ҷавонон камранг гардонанд.
Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдори кишвар барои пешгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои ифротӣ дар мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тадбирҳои муассир меандешад. Хуб медонем, ки кишвари мо ба муқобили зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм ва бунёдгароии динӣ муборизаи беамон мебарад ва Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ бо қатъият иброз доштаанд, ки терроризм дин, ватан ва миллат надорад.
Аз ҳама муҳим, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандиву ватандӯстӣ, соҳиби ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ ва илму ҳунар шудани наврасону ҷавонон шароити мусоидро фароҳам овардааст, ки ин муассиртарин роҳи пешгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои ифротӣ миëни ин қишри ҷомеа мебошад.
Аммо набояд масъулияти пешгирӣ аз хатарҳои террористиву экстремистиро танҳо ба дӯши Ҳукумат ва ë ниҳодҳои дахлдор гузошт. Дар ин самт ҳар кадоми мо ташаббускор ва фаъол бояд бошем.
Чӣ тавре, ки дар боло гуфтем, баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо ва тақвияти корҳои фаҳмонидадиҳӣ миëни ҷавонону наврасон дар амри пешгирӣ аз паҳншавии ин вабои аср нақши назаррас гузошта метавонад.
Мо давоми соли 2023 ҳамроҳи кормандони бахши идеологии ноҳия ва мутахссисони бахшҳои гуногун дар ҳамаи 12 ҷамоати деҳоту шаҳраки ноҳия беш аз 60 суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа гузаронида, ба ин хулоса рсидем, ки воқеан ҳанӯз ҳам бархе умуман аз сиëсат, давлатдорӣ, терроризм, экстремизм ва аз ҳама муҳим, ғаразҳои нопоки афрод ва гурӯҳҳои террористӣ хуб огоҳ нестанд. Ва маҳз ҳамин бедонишиву бехабарӣ боис мегардад, ки аз роҳи рост берун ва ба роҳи ҷаҳолату таассуб ва бадбахтиву сияҳрӯзӣ ворид шаванд.
Аз ин рӯ, барои ояндаи дурахшон, ҳифзи сулҳу субот ва якпорчагии кишвар бояд ҳар кадоми мо, аз ҷумла ходимони дин, кормандони бахшҳои идеологӣ, омӯзгорону зиëиëн ва пирони рӯзгордида ба таври мунтазам ба деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин рафта, бо намонядагони қишрҳои гуногун, махсусан ҷавонону наврасон суҳбатҳо гузаронем ва онҳоро аз хатарҳои замони муосир огоҳ созем, ба роҳи рост раҳнамоӣ кунем. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Машварат идроку ҳушëрӣ диҳад”.
Ин амалро бояд ҳамчун қарзи имонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии хеш донем, зеро ин Ватан аз они ҳар кадоми мост ва ҳар як барои имрӯзу ояндаи он масъулем.
Улуғбек Темуров,
мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД н. Б. Ғафуров

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top