ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

БАРГУЗОРИИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои банди 12-и Нақшаи кори Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссия баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси комиссияи доимӣ(муовини Раиси шаҳри Душанбе) Одилзода Д.Р., котиби комиссия мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи доимӣ, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳо, сарпарасти соҳа ва котибони комиссияҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ду масъала баррасӣ гардид:
1. Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024;
2.Тасдиқи Нақшаи кори Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024;
Муовини Раиси Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Одилзода Д.Р. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд.
Мавсуф роҷеъ ба татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан карда, ёдовар шуданд, ки дар соли 2023 комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он як қатор корҳои самаранок ба анҷом расониданд.
Дар робита ба ин, гузориш оид ба фаъолияти Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2023 шунида шуд.
Дар раванди ҷаласа ҳисоботи масъулини комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти комиссияҳои доимии ноҳиявӣшунида шуда, ба муҳокимаронӣ гузошта шуд.
Одилзода Д.Р. – муовини Раиси комиссия таъкид намуданд, ки аъзои комиссия иҷрои дастуру супоришҳое, ки доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба миён меоянд, саривақт иҷро намуда, ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо чораҳои зарурӣандешанд.
Зимни баррасии масъалаҳо зикр гардид, ки дар соли 2023 дар ҳамкорӣбо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6918 санҷиши муштарак дар ноҳияҳо (И.Сомонӣ- 808, Фирдавсӣ- 1401, Сино – 1881, Шоҳмансур – 1376, шуъба – 1452) доир ба ошкор ва пешгирии қонуншиканӣгузаронида шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022, 1416 адад зиёд мебошад.
Дар ин замина, қайд кардан ба маврид аст, ки аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он зимни гузаронидани рейдҳои мазкур як чанд ҳолатҳо пешгирӣва 60 қонунвайронкунӣ(И.Сомонӣ- 7, Фирдавсӣ- 15, Сино – 16, Шоҳмансур – 10 ва шаҳри Душанбе – 12) ошкор карда шуд, ки нисбати онҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣтартиб дода, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 маҷмуан 13 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора нисбати 54 нафар ҳалномаи суд қабул гардида, ба маблаѓи 374960 сомонӣҷарима ба буҷаи давлат ворид карда шуда, аз шумораи умумии қонунвайронкуниҳо 6 ҳолати боқимонда дар баррасӣқарор доранд.
Дар соли 2023 дар ҳудуди пойтахт маҷмуан 12434 ҷашну маросим (Сино -4045, Фирдавсӣ-3657, Шоҳмансур -3585, И.Сомонӣ-1147) ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2020 маҷмун 5761 адад зиёд мебошад. Хароҷоти умумӣбарои баргузории маъракаҳо 48 268 000 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2020 дар маҷмуъ 22 400 000 сомонӣзиёд мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 15395 ҷашну маросими дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардида, танҳо 6918 адади он мавриди санҷиш ва назорати комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он қарор гирифтанд, ки ҳамагӣ45% санҷишҳоро ташкил медиҳад.
Дар раванди ҷаласа Давлатзода Д., Турсунзода Ш., Норасов А. ва дигарон фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Пас аз муҳокимаронию баррасии масъалаҳои мазкур бо дарназардошти гузориш ва дастуру супоришҳо, маҷлис қарор кард:
1. Гузориши котиби Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба инобат гирифта шавад;
2. Фаъолияти комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2023 қаноатбахш ҳисобида шавад;
3. Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе теъдоди дақиқи комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳри Душанбе бударо муайян намуда, фаъолияти онҳоро давоми нимсолаи якум ва дуюми соли 2024 мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он ба унвонии Раиси Комиссияи доимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
4. Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муқаррароти моддаи 10 қисми 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сокинон корҳои тарѓиботиро пурзур намуда, ҳангоми рафтан ба маросими қайди никоҳи давлатӣриояи онро аз ҷониби шаҳрвандон зери назорати қатъӣқарор диҳанд.
5. Тавре маълум аст, тибқи моддаи 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Комиссия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудааст, ки бевосита ҷиҳати татбиқ ва назорати он амал менамояд.
Бо ин мақсад, бе мақоми ваколатдори давлатии соҳа ворид гардидан ба маъракаҳо, муаррифӣ накардани шахсияти худ, беасос даъват кардани маъракадор ба шуъбаи милитсия, бо либоси расмӣ (низомӣ) дар маъракаҳои хурсандӣ ва бахусус азодорӣ муносибати дағалона нанамоянд.
6. Шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо он бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҷиҳати ба низом давровардани рейдҳои санҷишии пайдарҳамӣ(яъне дар алоҳидагӣворид шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бе мақоми ваколатдор ба маъракаҳо, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки боиси саргардонӣва парешонҳолии маъракадор дар вақти баргузории маъракааш мегардад чораҷӯӣнамоянд;
7. Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим доир ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мунтазам бо роҳбарияту маъмурияти тарабхонаҳо корбарӣнамуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо чораҳои зарурӣ андешад.
8. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо занон ва оила, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, аъзои комиссияи доимӣ бо мақсади риояи бечунучарои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар боари танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мунтазам миёни сокинони шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, аз натиҷаи он ба унвони Комиссия гузориш пешниҳод намоянд.
9. Котиби Комиссияи доимӣ, яъне шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе минбаъд ҳар семоҳа аз суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо натиҷаи баррасии парвандаҳои маъмуриро, ки аз ҷониби комиссияи доимӣ оғоз мегардад, тариқи мактуби расмӣ дархост намояд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top