ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

МУЛОҚОТҲОИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМО БО ДОНИШҶӮЁН ВА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ МАСКАВ

Раиси Шурои уламо дар ҳамкорӣ бо намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рӯзи 27 январ дар шаҳри Москва бо шаҳрвандони тоҷики муқими ин шаҳр, ки ба таълим ва муҳоҷирати меҳнатӣ машғул ҳастанд, мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода сараввал бо мисол овардани чандин намунаи меъёрҳои шаръӣ дар робита ба аҳамияти омӯзиши илм донишҷўёнро ба таҳсили ҷиддии илму дониш даъват намуд. Таъкид гардид, ки пешрафту тараққиёти ояндаи кишвар аз сатҳи таҳсил ва донишҳои андӯхтаи онҳо вобастагӣ дорад.
Аз ин хотир, Раиси Шӯрои уламо аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо дарки саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи ибрат ба дигар ҷавонони кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар роҳи андӯхтани илм дастгиру мададрасон бошанд.
Возможно, это изображение 5 человек и текст

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top