ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

6 – уми марти соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси Шурои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шуроро ба омад-омади моҳи мубораки Рамазон ва ҷашни байналмиллалии Наврӯз табрику таҳният гуфт.
Сипас, Раиси Шурои уламо қайд кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти Астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рӯзи душанбе 11-уми март фаро мерасад.
Ичунин, тибқи қарори Шӯрои уламо, нисоби закот 35275 сомонӣ муқаррар шуд, ки аз он 880 сомонӣ закот пардохт мешавад. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 7 сомонӣ ва Фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2024 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ё бемороне, ки умеди беҳбудӣ надоранд ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 14 сомонӣ) муайян карда шуд.
Возможно, это изображение текст

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top