Тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери назари Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи азими “НАССОҶИИ ТОҶИК” бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва ворид намудани навтарин технологияи нассоҷӣ мавриди навсозии комил қарор гирифта, дорои ҳазорҳо ҷойи корӣ барои духтарону бонувон хоҳад шуд.