ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ПАНҶАКЕНТ: ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАЪРАКАҲО КОРИ МУҲИМУ ҲАМАРӮЗА АСТ

Рафти иҷрои муқаррароти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ибтикороти наҷибу инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дар маҷлиси васеи комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки доираи васеъи аъзоёни комиссияҳои ҷамъиятӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр, фаъолон, имом- хатибони масоҷид мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни гузориши муовини раиси комиссия оид ба рафти татбиқи қонуни мазкур ва фаъолияти бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин самт, шунидани фикру мулоҳизаи ҳозирин, раиси комиссияи доимӣ, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода таваҷҷӯҳи иштирокчиёнро ба нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат дар машварат бо фаъолон ва ходимони дини мамлакат ҷалб намуда, онҳоро муваззаф намуд, ки барои иҷрои ҳатмии ин қонуни миллӣ, зери назорати ҷиддӣ қарор додани баргузории маъракаю маросим, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, пурзӯр намудани кори комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба назорат ба иҷрои муқаррароти қонуни мазкур талош варзанд.
Гуфта шуд, ки бо вуҷуди фаъолияти густурдаи комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҳанӯз баъзе шаҳрвандон дар баргузории маъракаю маросим ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Дар ислоҳи ин нуқсонҳо баробари аъзоёни комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ бояд фаъолон, Шӯроҳои занон, ходимони дин низ фаъол бошанд.
Таъкид шуд, ки фармудаи зайли Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати зикршуда барои аҳли ҷомеа бояд роҳнамо бошад: “Худованд бандаро ҳаст кардааст, ақл додааст, чашм додааст, обу хоку заминро дар ихтиёраш гузоштааст, ки зиндагӣ кун, аз ин дунё баҳра бар, ақлатро кор фармо, ба замона мутобиқ шав, пойбанди хурофот нашав, илм омӯз, касб омӯз, ҳунар омӯз ва зиндагиатро пеш бар”.
и ещё 2
Начните продвигать эту публикацию, чтобы увеличить охват для профиля Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим .
Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Поделиться

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top