ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

Дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар нимсолаи якуми соли 2024, таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо усули факултет ба факултет вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Амир Иброҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдурашитов Наимҷон, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷамирзода Муслиҳиддин, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷасну маросимҳои миллӣ, Исломзода Боғигул, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила, Сайфуллозода Диловаршоҳ,намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Дониёр Сангинзод профессор, муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, Давлатшо Каримзода, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, Алланазаров Шарафҷон, мудири Шуъбаи тарбия, Давлатзода Муслима, мудири Бахши кор бо духтарон ва бонувон, омӯзгорону кормандони ҷавон ва донишҷӯёни факултетҳои забон ва адабиёти рус, педагогика, химия, таърих ва ҳуқуқ, забони англисӣ ва забонҳои Шарқ, математика ва информатика, филологияи тоҷик ва физика иштирок доштанд.
Вохӯриро Дониёр Сангинзод муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо ба мавзӯи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон бахшида шудааст, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо дарназардошти хусусияти шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшантар шаванд. Дар донишгоҳи мо низ низ бо дастури ректори донтшгоҳ бо мақсади тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳанги пурғановати милии хеш тадбирҳои арзишманд роҳандозӣ гардидааст. Инчунин масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, вазъ ва дурнамо, аҳаммияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ дар шароити рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нақш ва мақоми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ватандӯстӣ дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ ва арёзбӣ шуданд.
Дар идомаи вохӯрӣ меҳмонон дар суханрониҳои хеш иброз доштанд, ки ҷиҳати бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ ва дар замири шаҳрвандони кишвар яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатокии ҷомеаи кишвар ҳисоб рафта ин восита дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии мардум нақши калидиро мебозад. Махсусан, тарбияи шаҳрвандони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли гузашта аз ҷониби Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки мақсади асосии он дар замири шаҳрвандони мамлакат тарбияи эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷикон ба ҳисоб меравад. Дар идомаи ҳамоиш ба масъалаи пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои ифтротӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа диққати махсус дода шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top