ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР

Бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт ва ҷалби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Дар доираи баррасии суханронию таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баён доштанд, дар вохӯрии мазкур масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва мубориза алайҳи масъалаҳои ташвишовару хатарноки замони мусоир, пешгирии хатарҳои терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Даъватшудагон оид ба мақому нақши кишвари мо алайҳи ин проблемаи даҳшатнок, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ҳамарӯза сабабгори ҳалокати нафарони зиёди бегуноҳ, харобу валангор шудани шаҳрҳои обод ва ташвишу нооромии ҷомеа мегардад, маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи ин даҳшат ва амалҳои ғайриинсонӣ, терроризм ва экстремизм тамоми чораҳоро меандешад.
Дар маърӯзаҳо таъкид рафт, ки роҳбарияти олии мамлакат барои оромиву субот, зиндагии шоиста, ҳуқуқу озодиҳои диниву мазҳабии ҳама шаҳрвандон имкониятҳои беҳтаринро фароҳам овардааст, ки ҳар як фард бемонеа аз он метавонад бархӯрдор бошад. Бо мақсади татбиқи ин сиёсат чунин чорабиниҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо доираи васеи ҷавонон, ки гурӯҳҳои террористӣ бештар ба қувваи онҳо такя карда, бо роҳу омилҳои гуногун ба доми худ мекашанд, гузаронида мешавад, то ояндаи онҳо олудаи макру фиреби тундгароён нагардад.
Таъкид гардид, ки яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм-тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ – терроризм ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.
Мақсадҳои нопоки терорроризму экстремизм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ, бадном кардани номи дини ислом ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди одамон зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардад. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте дучор шудаанд. Бо дарназардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд.
Баромадкунандагон, ҳамзамон, дар суханронии худ ҳозиринро ба ватандӯстӣ, ободкориву нангу номус ва ҳимояи арзишҳои миллӣ, қадрдонии сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки бо заҳматҳои зиёди Роҳбари давлат ва шахсони ватандӯст ба даст омадааст, ҳидоят карда, таъкид доштанд, ки танҳо якдилона метавон Ватани азизамонро аз таъсири чунин афкору амали хушунатбору тафриқаангез ҳифз кард.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top