Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 17 – уми майи соли равон дар толори Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонишудаи кофтувокӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, бо иштироки Раҷабалӣ Чилахонзода – сармутахассиси раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омузишӣ дар мавзӯи “Терроризм – зуҳуроти номатлуб” баргузор гардид.