ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

КӮШОНИЁН: ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОН ПАЙВАСТА ИДОМА МЕЁБАНД

Дар деҳаҳои Чапаев ва Зафари ҷамоати деҳоти Заргар, ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки муовини раиси ноҳия Саидбеки Сафарбек, муовни раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Собиров Далер, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия Алиев Абдулҳафиз, муовини сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Ботиров Аҳад ва масъулони ҷамоат ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳалуфасли он вохурии навбатӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон ва фаъолони ҷамоат иштирок варзида бо онҳо оиди барасии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳолати кабудизоркунӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва рафти корҳои ободонӣю созандагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳо пайваста дар шаҳраку ҷамоатҳои ҳудуди деҳаҳои ноҳия доир гардида, дар пешрафти сатҳи зиндагии мардум ёрии амалӣ мерасонад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top