ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ШАҲРИ ВАҲДАТ: МАҚСАДУ ВАЗИФАҲО ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ДИН

Бо ташаббуси Мудири Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Ваҳдат Наҷмуддинов Сулаймон баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018 №1042 ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” баргузор гардид. Дар кори конфронс ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Зокирзода Н, узви вобастаи АМИТ ҶТ профессор М. Музаффарӣ, сардори Раёсати амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайҳомид Шарифзода ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Файзуллоев Комрон ширкат ва суханронӣ намуданд. Кори конфронсро мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳр Нажмуддинов С.С. кушода намуда, сипас ширкаткунандагон роҷеъ ба мавзӯъ суханрониҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top