Санаи 25 – уми майи соли равон гурӯҳи нахустини зоирони тоҷик барои ба ҷо овардани маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар гардиданд. Ба ин гурӯҳ 165 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, тариқи ширкати ватании “Сомон-эйр” ба шаҳри Ҷидда парвоз анҷом доданд.
Аввалин гурӯҳи зоирон дар мавсими имсолаи ҳаҷро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел намуданд.