11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат масоили таҳкиму густариши ҳамкории ду ҷониб баррасӣ гардид.
“Мо дастгирии Ватиканро аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим хеле қадр мекунем ва иштироки шуморо дар чорабинии имрӯзаи муҳими байналмиллалӣ мисоли дигари ин дастгирӣ медонем” изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Натиҷаҳои гуфтушуниди сатҳи олии Тоҷикистон ва Ватикан, ки 26 апрели соли 2024 баргузор шуда буд, қадами муҳим дар роҳи вусъат додани ҳамкории минбаъдаи ҳар ду тараф арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, мавзуъоти норасоии оби ошомиданӣ ва коҳиш додани зарари он ба иқтисоди кишварҳо табодули андеша карданд.
Таҳкими ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои гуманитарию фарҳангӣ, илм, сайёҳӣ зарур шумурда шуда, ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки талошҳои муштараки ҷонибҳо ба раванди рушду тавсеаи равобити мусоиди Тоҷикистону Ватикан такони нав хоҳад бахшид.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.