ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АДЛ ВА ИНСОФ”-И КУМИТАИ ДИН, ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

23-уми июли соли ҷорӣ, дар асоси банди 4.3 Оинномаи ҲХДТ, Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 ва ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба баргузории маъракаҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар толори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф”-и Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед ва муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Салим ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис, нахуст ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф”-и Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъд шунида шуд.
Дар қисмати музокираҳо аъзои ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф” суханронӣ намуда, ҳисоботи ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҷиҳати баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлиси ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф”-и Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати раёсати ташкилот иборат аз 5 нафар интихоб гардиданд.
Вобаста ба баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис ҷиҳати интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф” номзадии Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Сулаймон Пирхон пешбарӣ гардида, доир ба он қарори дахлод қабул ва тасдиқ карда шуд.
Ба ҳамин тартиб, вобаста ба баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф” ва котиби ташкилот низ интихоб гардиданд.
Дар ин радиф, ҷиҳати баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис, номазадии раиси ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф” – Давлатзода Сулаймон Пирхон барои иштирок дар Конференсияи 35-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ гардида, доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид.
Дар идомаи маҷлис, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед доир ба нақш ва мақоми ҲХДТ дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон ибрози назар намуда, зикр намуданд, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлатии миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд.
Дар фарҷом ба як қатор фаъолони ҳизбӣ бо сипосномаву ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top