ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ МАВСИМИ ҲАҶ-2025 МУАЙЯН ШУД

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷҷи соли равон 56 ҳазору 800 сомонӣ муайян карда шуд.  Маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо (рафту баргашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар шаҳрҳои Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо истифода мешавад.

Довталабони сафари ҳаҷ тибқи рӯйхат маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд.

Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст.

Зимнан, Кумита ба иттилои шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки вақтҳои охир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии кишварҳои ҳамҷавор вобаста ба сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафари ҳаҷҷи фарзӣ эълонҳои таблиғотӣ нашр шуда истодаанд. Аммо чунин ширкатҳо дар асл салоҳияти сафарбар намудани шаҳвардони хориҷиро надошта, боиси саргардонии ҳамватанони мо мегарданд.

Азбаски тибқи тартиби муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар намудани довталабон барои адои маносики ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳои мусулмоннишин амалӣ карда мешавад, ширкатҳои сайёҳии кишварҳои дигар наметавонанд дар ҳеҷ шароите барои ҳамватанони мо раводиди ҳаҷро дастрас намоянд. Бинобар ин, онҳо бо додани раводиди сайёҳӣ ё раводиди дигар баъзе аз шаҳрвандони кишвари моро то ба кишвари мизбони ҳаҷ бурда, дар он ҷо ба ҳоли худ мегузоранд.

Таҷрибаи мавсими ҳаҷҷи соли гузашта нишон дод, ки тартиби маросим аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зери назорати қатъӣ қарор дошта, пайваста рейдҳои санҷишӣ гузаронида мешавад. Дар мавсими ҳаҷҷи соли гузашта кишвари мизбони ҳаҷ ба ҳар як зоир расман бейҷик ва дастбанд тақдим карда, бо ин роҳ зоирони ба таври қонунӣ сафаркардаро аз зоироне, ки бо гирифтани раводидҳои дигар вориди ин кишвар шудаанд, ҷудо намуд. Муттаассифона, миёни нафароне, ки дар натиҷаи рейдҳои кишвари мизбони ҳаҷ дастгир, ҷаримабандӣ ва ихроҷ шуданд, ҳамватанони мо низ буданд. Ин нафарон ба эълонҳои бардурӯғи ширкатҳои хориҷӣ бовар карда, тавассути чунин кишварҳо ба сафари ҳаҷ рафта буданд.

Бо дарназардошти ин нуктаҳо ҳамватанони мо бояд дарк намоянд, ки таблиғоти чунин ширкатҳо ва миёнаравҳои манфиатхоҳ танҳо бо ҳадафи тақаллуб ва фиреби сокинони кишвар ба роҳ монда шудааст.

Гузашта аз ин, тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13300 доллари амрикоӣ), ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.

Аз ин нигоҳ, Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба таблиғоти бардурӯғи афроди манфиатхоҳ бовар накарда, дар ҳолати доштани хоҳиши сафари ҳаҷ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top