ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ХАЙРУ ЭҲСОН БА СОҲИБАШ БАР МЕГАРДАД…

Марде назди ҳазрати Сулаймон (а) омад ва хоҳиш кард, ки ба ӯ яке аз забони ҳайвонотро омӯзонад.

Паёмбар гуфт:

– Шумо тоқат карда наметавонед.

Аммо он мард аз Паёмбари Худо илтимос ва хеле исрор намуд.

Паёмбар фармуд:

– Шумо кадом забонро омӯхтан мехоҳед?

Гуфт:

– Забони гурба. Гурба дар деҳаи мо ва дар хонаи ман зиёд аст.

Ҳамин тавр паёмбар ба гӯшаш оятеро бихонд.

Мард воқеан забони гурбаҳоро омӯхт.

Рӯзе у гуфтугӯи ду гурбаро шунид, яке ба дигаре мегуфт:

– Шумо хӯрок доред, ман гурусна хоҳам монд.

Гурбаи дуюм гуфт:

– Дар ин хона хурӯс ҳаст шунидам, ки ӯ мемирад. Гӯшти ӯро ба назди ман меоранд, пас каме сабр кун.

Мард гуфт:

– Не, ба Худо қасам, Шумо хуруси маро намехӯред. Субҳ у хурӯсро гирифт ба бозор бурд, то бифурушад.

Гурбаи гурусна ба болои бом омад аз гурбаи зери бом пурсид, ки “оё хурӯс мурдааст”.

Гурба аз зер гуфт:

– Не! Соҳиби хона фурӯхт онро, аммо ман ғур – ғур кардани гӯсфандеро шунидам, ки мегуфт: “ман нафасгир шудаам, мемирам, маро наҷот диҳед”, пас сабр кун, ӯ бимирад ҳатман аз гӯшти ӯ меоранд.

Мард гуфт:

– Набояд инҳо аз барраи ман бихуранд.

Субҳ гирифт гусфандро ба бозор бурд , то бифурӯшад.

Гурбаи гурусна боз ба назди ин гурба омад ва пурсид, ки -“Гӯсфанд мурдааст”.

Гурба ҷавоб дод:

– Не! Соҳиби хона онро фурӯхт, аммо ман аз пайғамбари Худо Сулаймон (а) фаҳмидам, ки соҳиби хона мемирад ва мардум дар ҷанозаи ӯ хӯрок мегузоранд, мо мехӯрем, пас сабр кун.

Ин мард дар ҳайрат афтод ва ба сӯи Паёмбар давид, дар ҳоле ки фарёд мекашид, гиря мекард, илтиҷо мекард ба паёмбар ҳодисаро қисса намуд ва шунид, ки гурба мегӯяд, ӯ мемирад.

Паёмбар Сулаймон (а) гуфт:

– Худо туро бо хурӯсат хост наҷот диҳад, аммо ту онро фурӯхтӣ ва фидяи туро барои гӯсфанд навишт (барра), аммо ту низ онро фурӯхтӣ. Имрӯз марги туро бинавишт, амал ногузир, дуруст аст…

Таҳиякунандаи мавод – Абдуллоҳи Қодирӣ

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top