18-уми апрели соли равон дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби гурӯҳи кории салоҳиятдор ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд.
Дар мактаб-интернати мазкур 492 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ба таълиму тарбия ҷалб гардидаанд.
Зимнан, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастии мактаб-интернати мазкурро ба уҳда дошта, пайваста дар арафаи ҷашнҳои миллию мазҳабӣ ба тарбиятгирандагони он кумак мерасонад.