4 май дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихан Смаилов мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Мо шарикии стратегиро бо Қазоқистони бародар баланд арзёбӣ мекунем”.
Таъкид гардид, ки барои инкишофи муносибатҳои ду кишвар имрӯз ҳамаи шароити мусоид мавҷуд аст ва баҳри густариши онҳо таҷрибаи бойи ҳамкории созанда дар ҳамаи соҳаҳои асосӣ андухта ва роҳандозӣ шудааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши муносибатҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт, саноат ва кооператсия, энергетика, нақлиёту боркашонӣ ва металлургия, муҳокима карданд.
Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ истифодаи имкониятҳои мавҷуда, пурзур кардани робитаҳо байни муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ, гузарондани тадқиқоти якҷояи илмӣ, аз ҷумла дар соҳаи инноватсия ва технологияи иттилоотӣ, зарур шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.