Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев ба Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон имзо гузоштанд.
Дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;
– Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ оид ба молҳо ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон интиқолшаванда;
– Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон;
– Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи саноати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;
– Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023 – 2025;
– Нақшаи ҳамкории мутақобила байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи саноат ва инноватсия барои солҳои 2023 – 2024;
– Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон;
– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023 – 2025;
Ҳамин тавр, дар маҷмуъ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби вазорату идораҳо 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои таҳкиму густариш ва идомаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ карданд.