Фурсати умр азиз аст, азизаш дорӣ
Ҳар нафас гавҳари ноёб, ту арзон мафурӯш.
Умр мегузарад, вақти қиматбаҳоро паси сар мекунем, фурсатро аз даст медиҳем. Умри инсон мисли об мегузарад. Пас бояд мо кӯшиш намоем, то ин ки вақтро аз даст надиҳему фурсатро ғанимат донем.
Мо бояд шукри сулҳу ободии Ватан намоему вақти қиматбаҳои худро барои манфиати ҷомеа анҷом диҳем. Ватанамонро аз ҳар гуна фитнаҳову дасисаҳо ҳифз намоем, аз пирони рӯзгордида ва устодон маслиҳат гирем. Аз он набояд хурсанд шавем, ки боз як рӯзро паси сар намудем, бояд донем, ки як рӯзи умри мо кӯтоҳ шуд.
Аммо на ҳама инро дарк мекунанд. Хурсанд аз он мешаванд, ки калон шуданд. Аз як рӯз калон шудани худ мефахранду меболанд, аммо фикри онро намекунанд, ки рӯзи онҳо, вақти онҳо бефоида аз даст рафт. Ҳоло ҷавонанд. Чи будани вақту фурсатро намедонанад. Бинобар он бо шӯхию бозиҳои ҷавонӣ рӯз мегузаронанд. Фикр мекунанд, ки онҳо кабутаронанду дар осмони софу беғубор парвоз карда истодаанд. Аммо онҳо бояд донанд, ки он кабутарони дар парвоз буда низ ба худ мувофиқ фикр доранду мехоҳанд, ки вақташон беҳуда нагузарад, ё хасе барои лонаашон оваранд, ё доне барои фарзандонашон. Дар ин маврид барои инсони неку солеҳ Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Аз ҳусну некӯии Исломи шахс ин аст, ки корҳои бемаъниро тарк намояд.” (ривояти Тирмизӣ).
Бале, имрӯз ҷавонон бояд дар бораи ояндаи худ биандешанд. Вақте ки назди пирони рӯзгордида ва устодони худ менишинанду аз онҳо дар бораи ҳаёт ва фаъолияташон мепурсанд, дар ҷавоб ба онҳо ҳамаашон мегӯянд, ки «Мо аз худ дар ин дунё ҳеҷ чиз мерос нагузоштем, акнун шумо ҷавонон кӯшиш намоед, то аз худ барои ояндаҳо чизе нишона гузоред!». Бо шунидани ин суханон ҷавонон худ дар ҳайрат меафтанд. Чи хеле ки мо ҳама шоҳидем, ободии кишварамон, шаҳру деҳаамон аз меҳнати ҳамаи он пирону бузургсолон аст. Онҳо Ватанро обод карданд, боғҳову роҳҳо бунёд карданд, мактабу мадрасаҳо бино намуданд, то ки ин ҳама меҳнати зиёди онҳо барои мо чизе монда бошанд, пас мо бояд ба худ суоле диҳем, ки мо ҳоло куҷоро обод намудем?. Бархе аз ҷавонон мехоҳанд, ки имрӯза корро фардо иҷро намоянду он рӯз беғам гарданд. Охир мо намедонем, ки фардо моро чи гуна рӯз интизор аст. Чунонки Худованд фармудааст:
«Ва ҳеҷ шахсе намедонад фардо чи кор хоҳад кард ва намедонад ҳеҷ шахсе, ки ба кадомин замин хоҳад мурд». (Сураи «Луқмон», ояти 34).
Бояд ҳамаи корро имрӯзу фардо нагуфта, ба анҷом расонем. Ба анҷом расонидани корамон на ба шахси бегона, балки ба худи мо фоида меоварад.
Мо ҳама баробари замона қадам мениҳем. Дар ин дунё бой ҳасту гадо, пир ҳасту ҷавон, бемор ҳасту тансиҳат, ҳама дар назди Худо баробар. Бинобар он мо набояд бигӯем, ки «Ба вай Худо додааст, ба мо ҳам медиҳад, балки ҳаракат намоем, то ин ки мо низ мисли дигарон бошем. Чунончи гуфтаанд: «Аз ту ҳаракат, аз Худо баракат».
Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ такрор ба такрор мегӯянд, ки ояндаи ватанамон дар дасти шумо ҷавонон аст. Агар мо вақтамонро сарфакорона истифода набарем, чи гуна метавонем Ватани азизамонро обод намоем? Чӣ гуна боқимонда камбудиҳои диёрамонро ҳал менамоем?
Вақте, ки дар кӯчаҳои шаҳру деҳот чашмам ба ҷавонони майзадаю бероҳагард меафтад, ба худ меандешам, ки чаро чунин ҷавонони бетарбия рӯз то рӯз дар кишварамон зиёд шуда истодааст. Чунин ҷавонон на қадри падару модарро медонанду на ҳифзи ватанро, пас онҳо чи гуна вақтро донанду ғанимат будани онро пос доранд?. Аз Муоз писари Ҷабал (р) ривоят шуда, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Ҳаргиз пойҳои банда аз ҷои хеш намеҷунбад, то ин ки аз чаҳор чиз пурсида мешавад: Аввал аз умраш, ки дар чӣ коре онро сипарӣ намуд. Дувум аз ҷавониаш, ки онро дар кадом кор ба пирӣ расонда. Сеюм, аз молаш, ки онро аз куҷо пайдо намуда ва дар куҷо сарф намудааст. Чаҳорум, аз илмаш, ки ба он чӣ коре карда” (ривояти Табаронӣ).
Шукронаи Парвардигор, ки имрӯз ҷавононе ёфт мешаванд, ки рӯзи худро бо муваффақиятҳо мегузаронанд. Ҳам дар ягон таълимгоҳ таҳсил мекунанду ҳам дар ягон корхона кор мекунанд. Чунин шахсон ҳам ба қадри худ, ҳам ба қадри падару мадар ва ҳам Ватан мерасанд. Ҳамаи корҳояшонро мувофиқи нақша анҷом медиҳанд ва ҳам мехоҳанд аз худ ба насли оянда чизеро боқӣ гузоранд. Ин гуна шахсон ҳамавақт соҳиби ҳурмату эҳтироманд. Чи хеле ки дар урфият мегӯянд «Агар худатро ҳурмату эҳтиром намоӣ, дигарон низ туро ҳурмат менамоянд!» Эй кош дар ин дунё аз зумраи чунин ҷавонон зиёд гарданду Ватанро обод намоянд. Ба қадри зиндагӣ бирасанду шукр аз сулҳу амнияти ватани азизамон Тоҷикистон намоянд. Вақти худро мувофиқи нақша сарф намоянду аз худ чизеро ба манфиати ояндагон мерос гузоранд. Чунонки шоир фармудааст:
Дар гулистон на баҳору на хазон мемонад,
Самари боғи ту некист, ҳамон мемонад.
Маҳмуд Сангалиев