ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБА. МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР!

Вақти он аст,
Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ! Вақти он аст,
Эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ
То ба душман ҳамла орам,
Решааш буррӣ зи бех,
То расӣ, манҳусанчарро кунӣ бешоху барг!
Як чаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,
То ватанро дўст дорад, дўст дорад то абад.
Сад чаҳон нафрат ҳам аз баҳри разилони фашизм,
То фашистонро кунад бо нафраташ гўр оқибат!
Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрўз ман
Ин ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар!
Чун ман ин сон байни майдон пурдилу фирўзманд,
Дорадам имрўз аз ҳаррўза ёрам дўсттар:
Он на ман бошам, амон бидҳад ба душман мушти ман,
Он на ман, к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре.
«Он на ман бошам, ки рўзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре».
Вақти он аст,
Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст,
Эй сухан,
Ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ,
Манҳусанчарро кунӣ бешоху барг!
Ҳабиб Юсуфӣ
(1916-1945)
78 – СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ БА ҲАМА ҲАМВАТАНОН МУБОРАК БОШАД!

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top