ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ХИСЛАТҲОИ НОМАТЛУБ – ДОҒИ ҶОМЕА

Одамият агар ки беадаб аст, одам нест,
Фарқ дар байни бани одаму ҳайвон адаб аст.
Оре, инсон бузургтарин насли бошуурест, ки маҳз тавассути ақлу хирад, илму маданият, фарҳангу адаби худ аз дигар офаридаҳои Офаридгори бузург тафовут дорад. Инсон – фардиятест, ки дорои ақлу заковати бузург буда, мебинад, мешунавад, дарк мекунад ва ҳамаи дидаву шунидаҳояшро бо ёрии ақлу идрок натиҷагирӣ намуда, худро аз бадию ноҷуриҳо дар канор мегирад. Маҳз, ҳамин канорагириҳо инсони комилро дар зиндагӣ соҳибмаърифат, бомаданият ва бузургдил мегардонад.
Кист инсони комил? Он касест сохибмаърифат, донишманд, соҳибистеъдод, накӯкор ва ибратомӯзи имрӯзи рӯзгор. Ӯ касест, ки суханаш адаб, ишорааш маънӣ, кирдору рафтораш кони ҳусну малоҳат ва хираду заковаташ дурри ноёбу гаронбаҳост. Ӯ касест, ки ҷомеа аз ӯ ибрат мегирад. Зеро пурдону пуртаҷрибаву пурхирад аст ва аз як ҳарфи алфози кас дунёи хубу бадро тафовут дода метавонад.
Албатта, инсони комил ҳеҷ гоҳ пайи хислатҳои номатлуб раҳравон нест. Инсони комилу соҳибхирад аз бадон худро канор мегирад. Дар ҷамъомаду нишастҳое, ки зиёну бадӣ меоранд, иштирок намекунад.
Саволе ба миён меояд: хислатҳои номатлуб кадомҳоянд ва онҳо аз куҷо сар мезананд? Пеш аз ҳама бетарбиятӣ, беадабӣ, бемаданиятӣ, дуздию мардумфиребӣ, авбошию бадмастӣ, кинаҷӯиву бешармӣ, ноадолатию разилӣ ва амсоли ин ба қатори хислатҳои номатлуб дохил мешаванд, ки инсонро ба фасодию беиффатӣ ва беобрӯгиву шармандагӣ оварда мерасонанд.
Албатта, агар кас дидаву дониста ин гуна хислатҳоро ихтиёр кунаду шахсияти худро поймол гардонад, бевосита дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад. Шояд ягон таклифу ишораи каси дигар ӯро бо ин роҳ мебарад. Шояд худ надониста мемонад, ки хислатҳои номатлубро ихтиёр намудааст. Шояд волидон гунаҳкоранд, ки тифли бо ноз парвардаашон бадкор шуда, шояд аз дардҳои рӯзгор, аз қабили нодориву тангдастӣ, бепарасториву беаҳамиятии наздикон ё афсурдагиву фисқу эҳтиёҷ?!
– На, на ину на он.
Хислати номатлуб албатта, яку якбора дар вуҷуди инсони асил ҷо шуда наметавонад. Бахусус имрӯзи ҷомеаи мо пур аз касони баду номурод ва бефикру беиффатанд. Нодидаву надониста бо ҳама гуна фардиятҳои ношинос дӯстиву ошноӣ меварзанд. Пайи пайдо намудани музди ночизе ё дороиву сарвате ба корҳои ношоиста, аз қабили дуздӣ, мардумфиребӣ, бадмастиву кӯчагардӣ машғул мешаванд. Чун боре аз ин амал қути лоямуте ба даст оварданд, дигар ҳамарӯза паси анҷоми ҳамин гуна амалҳои носавоб даст мезананд. Худро асири ҳавову ҳавас ва кори барабас фирефта намудаанд.
Бехабар аз он ки бадкораву бадрӯ хоҳанд шуд. Зеро бадкор азоб намекашад. Агар ӯ азоб мекашид. фикр мекард, майнаашро хароб менамуд, ҳеҷ гоҳ паси амали номатлубе даст намезад. Аммо накӯкорон ва боиффатон аз он ки дӯстону наздиконашон бадкора шудаанд, дар ранҷу азобанд. Алалхусус, имрӯзҳо духтарон низ носазо амалҳо ба ҷо меоранд. Ба наздикону пайвандон дар аила доғ оварда, амалҳои нодурусту кӯчагардӣ мекунанд, ки албатта доғи ҷомеа мегарданд ва на танҳо худро, балки авлоду наздиконашонро шармсор мегардонанд. Ҳоло он ки занонро дар ҷомеа гаҳвораҷунбон ва силсилаҷунбони зиндагӣ мегӯянд. Духтарон, ки оянда силсилаҷунбони зиндагӣ мегарданд, бояд мулоҳизакор бошанд. Бадро аз нек, дӯстро аз душман ва гармию сардии ҳаётро ҳамаҷониба дар тарозуи ақл. ба хубӣ уҳдабароёна баркашанд. Занонро иффату покдоманӣ баору номус будан беҳтарин шараф аст ва шишаҳои шаффофро монад.
Сиёҳтарин рӯз он рӯзест, ки шишаи номус бишканад, гуфтаанд.
Аз ҷониби дигар, баъзе волидон барои сазовори амалҳои номатлуб гардидани фарзандонашон гунаҳгоранд. Зеро аксарият фарзандонашонро ба ихтиёри худ гузоштаанд. Аз паси он намекӯшанд, ки фарзандон ба чӣ кор даст задаанду бо киҳо нишастухез менамоянд. Бо кадом роҳҳо маблағ ба даст меоранду кадом пироҳанро ба бар кардаанд. Оё онҳо покизакоранд? Оё онҳо ояндаашонро фикр кардаанд ё на? Оё ифтихори волидон буда метавонанд? Ин суолҳо волидони ғамхори фарзандро ва алалхусус, мактаббачагонро бояд дар таҳлука андозад. Беқарор созад. Нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаётро бефикр ва созандагӣ бубаранд.
Ранҷи гарон аст тарбияи фарзанди солим. Заҳматталаб аст тарбияи инсони бузург. Беҳуда нагуфтаанд:
Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,
Ки ба умеде дар пирӣ писар дасти падар гирад.
Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд ганҷ,
Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.
Барои он, ки фарзанди кас ба амалҳои носавобу номатлуб даст назананд, барои он, ки оила мустаҳкаму пойдор ва намунаи ибрат бигардад, бояд андеша кард, мулоҳизакорона андеша ронд, ба роҳи рост роҳнамун сохт, ба меҳнат аз хурдӣ одат кунонд фарзандро то ҳамеша банд бошад, то паси дастоварди ҳалолу бо меҳнат ба дастомада кӯшад, хиёнаткор нагардад, бовиҷдон ба воя бирасад, на дузду авбош. Ҳамвора кӯшиш кунад, ки илм омӯзаду меҳнат кунад ва пеш аз ҳама, боору номус ба воя бирасад. Бидонад, ки обрӯ бозори харид надорад, онро бо захмату кору ранҷ ба дасг меоранд. Ана чунин бояд кард, то тифлон ба амалҳои номатлуб даст назананду шарафёр гарданд.
Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top