ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

АҲКОМИ ОБҲО

Ғусл, вузу ва поксозии ашё ба воситаи обҳои зерин сурат мегирад:
1. Оби борон. 2. Оби барф. 3. Оби жола. 4. Оби баҳр. 5. Оби дарё. 6. Оби ҷӯйбор. 7. Оби чашма. 8. Оби чоҳ.
Яъне ба тамоми обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ модоме пок бошанд, вузу ва ғусл кардан ва ҳамчунин, пок сохтани чизҳои наҷис ҷоиз аст.
Бояд донист, ки об ҳамон тавре ки сарчашмаи ҳаёт ва воситаи ба¬қо ва истимрори ҳастии тамоми мавҷудот аст ва дар покию гуворогии он ҳеҷ табъе хилоф надорад, дар пок кардани палидиҳо ва наҷосатҳо низ аз ҷониби шаръ асл қарор дода шудааст ва ҳеҷ чизеро наметавон ҷойгузи¬ни он қарор дод, магар дар сурате ки шаръ боз ба чизе дастур дода бошад. Худованд мефармояд:
«…ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем…» (сураи Анбиё, ояти 30).
Ҳамчунин мефармояд:
«Ва Ӯ Он [Худой] аст, ки бодҳоро пешопеши раҳмати Хеш муждадиҳанда фиристод; ва аз осмон оби покро фуруд овардем» (сураи Фурқон, ояти 48).
Паёмбари акрам (с) дар бораи об мефармояд:
«Об, дар ҳақиқат, пок ва поккунанда аст ва ҳеҷ чизе онро наҷис намегардонад». (Сунани Абудовуд, 66, 67; Сунани Тирмизӣ, 66; Сунани Насоӣ, 325; Муснади имом Аҳмад, 10864. Ҷ. 3. – С. 415, 11406, 11409. Ҷ. 3. – С. 508, 509; Насбу-р-рояи Зайлаъӣ. Ҷ. 1. – С. 113. Ҳадиси саҳеҳ: [ал-Ирво 14]). Ин покизагӣ ва поккунандагии об вақте аст, ки бисёр ва ҷорӣ бошад ва наҷосате, ки дар он афтодааст, бар яке аз васфҳояш: ранг, бӯй ва таъмаш (маззааш) ғалаба накарда бошад. Ҳадиси мазкур дар ривояти Ибни Моҷа бо ин изофа омадааст: «…, магар он чизе, ки таъм, ранг ва ё бӯи онро тағйир диҳад» (Сунани Ибни Моҷа, 521).
Бинобар аҳамияти поккунандагие, ки обҳо аз дидгоҳи шариати ислом доранд ва дар покизагию поксозӣ аз онҳо истифода мешавад, ба мавзуи об, навъҳои он ва аҳкоми обҳо таваҷҷуҳи фавқулодае дода шудааст. Муайян гардидааст, ки обҳои гуногун то чӣ замоне қобилияти поккунандагии худро нигоҳ медоранд ва дар кадом ҳолатҳо онро гум месозанд. Аз ин назар обҳо ба панҷ навъ тақсим мешаванд:
1. Оби пок ва поккунанда
Тамоми обҳое, ки дар боло зикр гардидаанд, аз ин навъи об мебошанд, яъне ҳам поканд ва ҳам қобилияти поккунандагӣ доранд. Покизагии шаръӣ ва поксозии ашё бо онҳо ҳосил мешавад.
2. Оби пок ва поккунандаи макруҳ
Он обе аст, ки гурба, мокиён, (гӯшти мурғҳои хонагӣ ҳалол мебошад, вале вақте мурғҳои кӯча¬гард ва сардодашуда аз наҷосатҳо истифода намоянд, гӯшти онҳо то чанд рӯзе ҳаром мегардад. Агар онҳо дар ҳамин ҳолат ба обе нӯл бизананд, онро нопок мегардонанд) паррандагони ваҳшӣ ва ё мору калтакалос ва дигар ҷонварони хонагард аз он ошомида бошанд. Гӯшти ин ҷонварон ҳаром мебошад ва пасмондаи оби онҳо низ бояд ҳаром бошад, вале аз сабаби он ки эҳтиёт намудан аз онҳо номумкин аст, шаръ пасмондаи онҳоро макруҳи танзеҳӣ ҳукм намудааст.
Вузу намудан ва ғусл кардан ба ин навъ об дар сурате ки обҳои навъи аввал, яъне обҳои мутлақ мавҷуд бошанд, макруҳи танзеҳӣ мебошад, вале агар аз обҳои навъи аввал чизе мавҷуд набошад, истеъмоли оби навъи дуюм ҳеҷ гуна кароҳияте надорад.
3. Оби пок ва поккунандаи машкук
Ин об худ пок аст, вале дар қобилияти поккунандагии он шак воқеъ шудааст. Он обе аст, ки хар ё хачир аз он ошомида бошанд. Ин об, бе ҳеҷ шакке, пок аст, аммо оё бо он об вузу гирифтан дуруст аст ё не, дар ин кор шак воқеъ шудааст. Гӯшти хар ва хачир бе ҳеҷ шакке ҳаром мебошад ва аз ин ҷо лозим меомад, ки оби пасмондаи онҳо низ ҳаром ва нопок бошад, вале арақи онҳо пок аст. Паёмбар (с) ба хари беполон (пушти луч) савор мешуд ва арақи он ба либосаш мерасид ва бо ҳамон либос намоз мехонд. Бо дарназардошти далелҳои ду тарафи масъала ба оби пасмондаи онҳо ҳукми машкук дода шудааст.
Пас агар чизе аз обҳои навъи аввал ва ё дуюм мавҷуд бошад, дар вузу ва ғусл аз онҳо бояд истифода намуд. Вале дар сурати набудани онҳо бо ин об вузу бигирад ва аз болояш таяммум намояд. Метавонад таяммумро пеш аз вузу намояд.
4. Оби поки ғайри поккунанда
Он оби мустаъмал мебошад. Оби мустаъмал худ пок аст, вале қобилияти поккунандагии худро аз даст додааст. Вузу гирифтан ба он дуруст нест.
– Оби мустаъмал, тавре зикр гардид, обест, ки барои рафъи ҷанобат ва бетаҳоратӣ ё ба қасди қурбат – вузу бар болои вузу барои ҷалби ризои Худо ва ба нияти савоб – истеъмол гардидааст.
Ҳар гуна обе мустаъмал ба шумор намеравад. Шахси ботаҳорате барои хунук (салқин) сохтани аъзои бадани худ ва ё барои омӯзиш додани вузу ба дигаре ба обе вузу гирифт ва ё шахси поке барои салқинӣ ба обе оббозӣ (ғусл) кард, обҳои бакоррафта дар ин мавридҳо оби мустаъмали шаръӣ ба шумор намераванд. Аммо агар шахси бетаҳорате чунин кунад, хоҳ нияти вузу ва рафъи ҳадас (нопокӣ) намуда бошад, хоҳ не, оби истифодабурдаи ӯ мустаъмал мегардад. Зеро дар як вақт ду натиҷа: ҳам рафъи бетаҳо¬ратӣ ва ҳам салқинии баданашро ҳосил кардааст. Об он гоҳ мустаъмал мегардад, ки пас аз истифода аз бадани вузугиранда ва ғуслкунанда ҷудо гардад.
5. Оби наҷис (нопок)
Оби наҷис обест, ки ба вай наҷосате расида ва онро нопок сохта бошад. Агар наҷосате (нопокие) дар об афтода ва асари он дар об зоҳир шуда бошад, он об наҷис гардидааст. Чи об андак бошад, чи бисёр ва чи он об рокид (ва беҳаракат) бошад, чи оби ҷорӣ (ва равон). Вале агар об андак ва рокид (қарор ва беҳаракат) бошад, вақте наҷосате ба он биафтад ва асари он зоҳир нашуда бошад ҳам, он об наҷис мегардад.
Ҳукми оби наҷис (нопок) ин аст, ки бо он об таҳорат ва покӣ ҳосил намешавад ва ҳатто агар ин об бо чизи дигаре ва ё оби дигаре омехта ва якҷоя гардад, он чиз ҳам наҷис ва олуда мегардад.
а) Оби бисёр: Оби бисёр – оби равонро гӯянд ва ё он оберо, ки дар ҳукми оби равон бошад, ба монанди оби ҳавзи калоне, ки бо ҳаракат додани об дар як тарафи он об дар дигар тарафаш ба ҷунбиш наояд. Ин об шаръан оби бисёр ба шумор меравад.
Агар дарозии ҳавз даҳ газ ва паҳноии он низ даҳ газ бошад ва чуқурии он ба андозае бошад, ки бо каф задан ва об бардоштан замини зери ҳавз ба ҷунбиш наафтад, он низ оби бисёр ба ҳисоб меояд. Масоҳати чунин ҳавзҳое тақрибан 36 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва онро даҳ дар даҳ гази шаръӣ мегӯянд.
б) Оби андак: Он обест, ки аз ин андоза камтар бошад.
Обе, ки бар рӯи наҷосат ворид шавад, яъне аз болои он гузарад ё наҷосат бар рӯи он бошад, агар тамоми он об ё аксари он аз рӯи наҷосат гузарад ё наҷосат тамоми болои он ё аксари онро пӯшонад – фаро гирад, он об наҷис (нопок) мегардад. Ин ҳолат (масъала) бештар дар ҷӯйҳо ва даҳонаи новадонҳое ба вуқуъ меояд, ки дар оброҳаҳо, нишебии ҷӯйҳо ё обрези лаби бомҳо насб шудаанд ва вақте об аз онҳо ҷорӣ мешавад, тамоми он аз рӯи наҷосат мегузарад. Агар ин об пас аз гузаштан аз рӯи наҷосат онро аз байн бибарад ва ҷои онро пок созад, пас он об низ, агар асари наҷосат дар яке аз васфҳои он зоҳир нашуда бошад, пок аст, зеро он оби ҷорӣ ба шумор меравад. Рехтани об дар ҳамаи ҳолатҳои мазкур ҳукми ҷараёни онро дорад. Бояд гуфт, ки дар наҳрҳои бузург ва маҷрои корезҳо (каналҳо)-и калон имкони вуқуи ин ҳолат камтар аст.
Ниҳодани либоси наҷасолуд дар оби кам ё фурӯ кардани узви наҷа¬солуд дар он фавран онро наҷис мегардонад, хоҳ аввал об дар зарфе рехта ва либоси нопок ба он ниҳода шавад ё аввал либоси нопок гузошта ва пас аз он ба болояш об рехта шавад, вале назди фуқаҳои мо ба ҳукми зарурат дар ин ҳолат бо аввалин бархӯрди чизи наҷасолуд ба он об наҷис намегардад, то он ки он чиз шуста ва аз об бардошта шавад, яъне об аз вай ҷудо гардад, он гоҳ об наҷис (нопок) мегардад. Ин амр дар ду навба¬ти аввал ва дуюми шустани чизи наҷосатолуд аст, вале дар навбати сеюм назди Имомайн ҳам либос пок мегардад ва ҳам он об тоҳир мешавад. Назди имом Шофеӣ (рҳ) об ба муҷарради партофтан, ниҳодан ё фурӯ кардани чизи наҷосатолуд дар он наҷис мегардад ва ашёи наҷис (наҷосатолуд ва нопок) ба он пок намешаванд. Масалан, вақте дар зарфҳои либосшӯӣ, ба мисли ташт, лаган ва ғ. аввал об рехта, пас аз он либоси наҷосатолуд дар он ниҳода шавад ё узви наҷосатолуда дар он фурӯ карда шавад, он ба манзалаи афтодани наҷосат дар оби кам аст, об бо он нопок мегардад ва дигар он чизҳоро пок намесозад, бар хилофи рехтани об ба рӯи он, ки ҳукми оби ҷориро дорад. Гарчи назди фуқаҳои мо он об то ҷудо гаштан аз чизи наҷосатолуд, аз боби зарурат, нопок ҳукм нагардида, ва¬ле барои хуруҷ аз хилоф дар ин масъала амал кардан ба қавли Шофеӣ (рҳ)-ро авло медонанд, яъне аввал бояд либоси нопок дар зарфи либосшӯӣ гузошта, пас аз он ба болои он об рехта шавад (Радду-л-муҳтор. – Ҷ. 1. – С. 585–586).
Омехтани чизе бо об
Таҳорат ва покизагии зоҳирӣ аз ду навъ иборат аст аз: а) покиза¬гӣ аз наҷосатҳои ҳақиқӣ ва нопокиҳои зоҳи¬рӣ, б) покӣ аз палидиҳои (нопокиҳои) ҳукмӣ: ҳадаси калон (ҷанобат) ва ҳадаси хурд (бетаҳо¬ратӣ). Таҳорат аз нопоки-ҳо вақте таҳаққуқ пайдо мекунад, ки либос, бадан ва макони намозгузор бо оби поккунандае аз наҷосат пок сохта шавад.
Таҳорат аз нопокиҳои ҳукмӣ беҳтар аст, бо оби холис ва дар ҳолати табиии он анҷом бигирад. Зеро ҳамон ҳолати табиӣ ва сафои табъи ноолудаи об барои пок сохтани инсон аз нопокиҳои ҳукмӣ мувофиқтар мебошад. Худованд мефармояд:
«…ва аз осмон оби покро фуруд овардем» (сураи Фурқон, ояти 48).
а) Оби холис ва мутлақ ҳамон обест, ки на чизҳои пок ва на чизҳои нопоке, ки ғолибан аз он ҷудо ҳастанд, бо он дарнаомехта бошанд.
б) Агар чизҳои поке, ба монанди собун, орд, заъфарон ва ғайра ба об омехта гаштанд, вале бар моҳияти об ғалаба накарданд (ва обро аз моҳияти обиаш берун наоварданд), он об пок ва поккунанда аст. Вузу ва ғусл бо он дуруст аст.
Аммо агар он чизҳо бар моҳияти об ғалаба карданд ва онро аз табиати обиаш: риққат (тунукӣ ва моеӣ) ва сайёлият (равонӣ) хориҷ сохтанд, дар ин сурат он об пок аст, вале қобилияти поккунандагии худро гум мекунад, яъне аз моҳияти обӣ хориҷ мегардад. Дар ин ҳолат бо он об вузу ва ғусл дуруст намешавад.
в) Агар ба об чизҳое омехта гардад, ки ғолибан аз об ҷудо нестанд, ба монанди сабзии рӯи об (сабзии рӯи обро мардуми баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон рӯймолак (ҷома)-и қурбоққа мегӯянд), баргу шохи дарахтон, хасу алаф, лойу рег ва ғайра ин об пок ва поккунанда аст. Таҳорат ба он дуруст мебошад.
г) Агар ба об чизи моеъе омехта гардад, ки дорои ду сифат аст, ба монанди шир, ки дорои ду сифат: ранг ва мазза (таъм) мебошад, вале бӯй надорад, дар ин ҳолат бояд дида шавад, ки агар яке аз ду сифати он чиз бар об ғалаба кардааст, он об аз табиати обиаш хориҷгашта ба шумор меравад ва вузуву ғусл ба он дуруст намешавад.
д) Вале агар ба об чизе омехта гардад, ки дорои се сифат бошад, ба монанди сирко (уксус), пас бояд дида шавад, агар ду сифат аз сифат¬ҳои сегонаи он чиз бар об ошкор гардидааст, он об аз моҳияти обиаш хориҷгашта ба ҳисоб меояд.
ж) Агар ба об чизи моеъе омехта гардад, ки ҳеҷ сифате надошта бошад, ба монанди оби мустаъмал ва оби гуле, ки бӯи он аз байн раф¬тааст (оби мустаъмал ва оби гул пок ҳастанд. Наҷосати ҳақиқӣ ва палидиҳои зоҳирӣ бо онҳо зоил (дур) ва пок мешаванд, вале таҳорати ҳукмӣ ба онҳо ҳосил намешавад), дар ин сурат ғалабаи яке бар дигаре бо вазн эътибор карда мешавад. Пас, агар ду литр оби мустаъмал ба як литр оби холис омех¬та гардад, вузу ба он дуруст набошад ва дар акси он ҷоиз аст.
з) Ҳамчунин таҳорат ва покӣ ба он обе, ки табиати обиаш бо пухтани чизе дар он аз байн рафта бошад, ҳосил намешавад, ба монанди шӯрбо, нӯшобаҳо (кампотҳо)-и мевагӣ ва ғайра.
Таҳорат ва поксозӣ ба василаи обҳои ҳаштгонаи мазкур ҷоиз аст, агарчи таъму мазза ва рангу бӯи онҳо дар на¬тиҷаи истодан дигаргун шуда бошанд, хоҳ ба мисли тамоми обҳои нӯшиданӣ ширин бошанд, ё ба монанди оби баҳр шӯр.
Ривоят шудааст, ки: «Марде аз расули Худо (с) пурсид: Эй расули Худо, мо дар баҳр савор мешавем ва ҳамроҳи худ оби каме бармегирем. Агар ба он об вузу гирем, (бе об ва) ташна мемонем, оё ба оби баҳр вузу гирем? Расули Худо (с) фармуд: (Оре), он обаш пок ва худмурдааш ҳалол аст» (Сунани Абудовуд, 83; Сунани Тирмизӣ, 69; Сунани Насоӣ, 59, 331, 4361; Сунани Ибни Моҷа, 386, 3246).
Ҳамчунин, агар ягон чизи пок ва тоҳир дар ин обҳо омехта шуда, таъму мазза ва рангу бӯи онҳоро тағйир дода бошад, вале онҳоро аз табиати обӣ берун насохта бошад, таҳорат ва поксозӣ ба онҳо ҷоиз мебошад. Мисли обе, ки дар он собун омехта шуда, вале табиати обии он бо¬қӣ мондааст. Вале агар онҳоро аз табиати обӣ хориҷ карда бошад, дар он сурат таҳорат ва поксозӣ ба воситаи он обҳо ҷоиз намебошад, мисли шӯрбо, сирко, оби мева ва ғайра, ки аз табиати обӣ хориҷ шудаанд.
Таҳорат ва поксозӣ бо обҳое, ки ба василаи фишурдан аз дарахт ё мева ба даст меоянд, ҷоиз нест.
Покӣ ва наҷосати обҳо
Агар дар оби ҷорӣ ва ҳамчунин ҳавзе, ки масоҳати он даҳ гази шар¬ъӣ (як гази шаръӣ тақрибан баробари 60 см аст) ва бештар аст, наҷосате афтода, яке аз сифатҳои сегонаи (таъм ё рангу бӯи) онро тағйир диҳад, таҳорат ва поксозӣ ба воситаи он ҷоиз нест. Вале агар ҳеҷ сифати онро тағйир надод, дар он сурат таҳорат ва поксо¬зӣ ба он ҷоиз мебошад.
Агар дар оби истодае, ки масоҳати он камтар аз даҳ дар даҳ гази шаръӣ аст, наҷосате биафтад, оби мазкур наҷис (нопок ва палид) ме¬шавад, хоҳ таъм ва рангу бӯи онро, яъне яке аз сифатҳои сегонаи онро тағйир диҳад, хоҳ надиҳад.
Ҳавзе, ки масоҳати он аз даҳ дар даҳ гази шаръӣ камтар аст, агар оби ҷорие пас аз афтодани наҷосат ба он пайваст шавад ва аз тарафи дигараш хориҷ гардад, оби он ба муҷарради хуруҷ аз он тараф ҳукми оби ҷориро ба худ мегирад ва пок мегардад. Вале агар яке аз васфҳо – ранг, бӯй ва ё маззааш бо афтодани наҷосат тағйир ёфта бошад, он пас аз пурра хориҷ гаштани оби наҷис аз ҳавз пок мегардад.
Ҳайвоноти обие, ки таваллудашон дар об аст ва низ он ҳайвоноте, ки дорои хуни соил (равон) намебошанд, агар дар об бимиранд, обро наҷис намесозанд.
Баъзе масоили оби равон ва оби ҳавз
1. Ҳар обе, ки ба он чизе омехта гардад ё дар он чизе пухта шавад, ки дар урфият дигар ба он об гуфта намешавад, балки чизе бар номаш афзуда мегардад, ба монанди обгӯшт (хомшӯрбо), гулоб ва ғайра, вузу ва ғусл ба он дуруст намебошад.
2. Обе, ки ба он чизи поке омехта гашта ва дар яке аз васфҳо (хусу¬сиятҳо)-и сегонаи он: ранг, таъм (мазза) ё бӯи он каме дигаргунӣ ба ву¬ҷуд омадааст, вале он чиз дар об рехта нашуда, балки дар нати¬ҷаи ҷараё¬ни об ба он ҳамроҳ гардидааст, мисли оби ҷорие, ки ба он регу лой ҳамроҳ гардидааст ва ё собун ва ё заъфарон ба он омехта гаш¬та ва дар яке аз хусусиятҳои сегонааш каме дигаргунӣ ба вуҷуд омадааст, то вақте аз мо¬ҳияти обиаш берун нагашта бошад, вузу ва ғусл бо он об дуруст аст.
3. Агар дар об чизе пухта шавад, ки дар натиҷаи он ранг ё мазза ва ё бӯи об тағйир ёбад, ба монанди оби нахӯд ва боқило, вузу ва ғусл бо он об дуруст аст.
4. Агар барои ранг намудани либос ва ришта дар об заъфарон ва ғайра андохта шавад, бо он об вузу ва ғусл дуруст нест.
5. Агар бо об шир, дӯғ ва ё ҷурғот (мост) омехта гардад, дар сурате ки ранг ва ё маззаи шир ва ғайра бар об ғолиб ояд, вузу ва ғусл бо он об дуруст нест ва дар акси он дуруст аст.
6. Агар дар биёбон ва кӯҳ оби андак пайдо гардад, то замоне ки ба наҷосати он яқин ҳосил нанамояд, он об пок мебошад ва ба он вузу гирифтан ҷоиз мебошад. Набояд ба маҳзи ин ки шояд ва эҳтимол ин об наҷис бошад, вузуро ба он тарк намояд. Агар ба гумони ин ки шояд ин об наҷис бошад, вузуро тарк намуда, даст ба таяммум барад, таяммумаш дуруст намегардад.
7. Вақте дар чоҳ ва ё ҳавзи бузург баргу шохчаҳои дарахтон ва ё гиёҳон афтод ва пас аз чанде оби он бадбӯй гашта ва рангу маззааш низ тағйир ёфта бошад, то замоне ки дар риққат (тунукӣ, моеӣ) ва сайлоният (равони)-аш ҳеҷ тағйире ба вуҷуд наёмада бошад, вузу ва ғусл бо он об дуруст мебошад.
8. Агар дар оби истода ва беҳаракат наҷосате бияфтад, бо он об вузу ва ғусл дуруст нест, хоҳ миқдори наҷо¬сат кам бошад, хоҳ зиёд. Вале агар об ҷорӣ ва ё дар ҳукми оби ҷорӣ бошад, монанди ҳавзе, ки масоҳаташ даҳ дар даҳ гази шаръӣ, яъне тақрибан 36 метри мураббаъ¬ро ташкил ме¬диҳад, то замоне ки яке аз васфҳои (хусусиятҳои) сегона (ранг, бӯй ва мазза)-аш тағйир наёбад, вузу ва ғусл ба он дуруст мебошад.
9. Обе, ки пари коҳе ё барги дарахте ва ё монанди ин¬ҳоро бибарад, оби равон (ҷорӣ) ба шумор меояд, ҳарчанд суръати ҷараёнаш оҳиста бошад. Вузу ва ғусл дар он об дуруст мебошад.
10. Ҳавзи даҳ дар даҳ гази шаръӣ (бо 36 метр ма¬соҳат), ки қаъри (чуқурӣ) он низ ба қадрест, ки агар бо даст аз он об бардошта шавад, замини он ба ҷунбиш намеафтад, агар наҷосати диданашаванда, монанди арақ, пе¬шоб ва ғайра дар он биафтад, дар чаҳор тарафаш вузу дуруст аст. Агар наҷосати дидашаванда, монанди саргин, ҳайвони ху䬬мурда ва ғайра биафтад, танҳо дар ҳамон тарафе, ки наҷосат дида ме¬шавад, вузу дуруст нест ва дар се тарафи дигараш дуруст аст. Ин ҳам ба шарте ки дар яке аз васфҳои сегонааш тағйире ба вуҷуд наёмада бошад, ки дар он сурат дар ҳеҷ ҷои он вузу дуруст нест.
11. Ҷӯи обе, ки ду метр паҳно ва ҳаждаҳ метр дарозӣ дошта бо¬шад, он ҷӯй дар ҳукми ҳавзи бузург аст.
12. Агар дар сатҳи боми хона наҷосат вуҷуд дошта бошад, вақте борон биборад ва оби сатҳ аз новдон ба замин бирезад, бояд мулоҳиза шавад: Агар нисфи сатҳи бом ё бештар аз он ба наҷосат олуда бошад, он оби новдон наҷис мебошад, агар камтар аз нисф олуда бошад, он об пок аст, агар наҷосат дар пеши даҳонаи новдон ҷамъ гардида бошад ва тамоми об пас аз гузаштан аз болои он ба замин бирезад, он об нопок аст.
13. Вақте оби андак оҳиста равон бошад, ором-ором вузу бигирад, то оби истеъмолгашта дубора ба каф наояд.
14. Агар бачаи хурдсоле дасти худро дар об фурӯ барад, дар сурате ки бар дастони эшон наҷосати зоҳире набошад, об наҷис на¬мешавад, вале аз он ҷо ки ба бачаҳои хурдсол наметавон зиёд эътимод кард, агар оби дигар мавҷуд бошад, бо он вузу гирифтан беҳтар аст.
15. Агар дар об ҳайвоне, ки хуни равон надорад, монанди пашша, занбӯр, магас ва ғайра бимирад, ё дар беру¬ни об бимирад ва баъд аз он ба об бияфтад, об наҷис намегардад, вузу ва ғусл бо он об ҷоиз аст.
16. Ҳайвоноте, ки пайдоиш ва зиндагии онҳо дар об аст, мисли моҳӣ, қурбоққа, мори обӣ ва ғ., агар дар об бимиранд, об наҷис намешавад. Ҳамчунин агар ҳайвоноти номбурда дар зарфи шир, равған, шираву шарбат ва ғ. биафтанд ва бимиранд, онҳо низ наҷис намегарданд. Зимнан, ҳукми қурбоққаи обӣ ва хокӣ якест. Агар қурбоққаи хокӣ хуни равон дош¬та бошад, бо мурдани он дар об, об наҷис мегардад. Фарқ миёни қурбоққаи обӣ ва хокӣ он аст, ки дар миёни панҷаҳои қурбоққаи обӣ парда аст ва хокӣ парда надорад.
17. Ҳайвонот ва паррандагоне, ки дар об зиндагонӣ мекунанд, вале пайдоиши онҳо дар об нест, монанди мур¬ғобӣ ва ғайра, хоҳ дар хориҷи об бимиранд ва баъд аз он ба об биафтанд, хоҳ дар дохили об бимиранд, дар ҳар ду сурат об наҷис мегардад.
18. Қурбоққа ва ғайра агар дар оби истода ва ё зарфҳои об бимирад ва порапора гардад, он об пок аст, вале аз нигоҳи беҳдоштӣ нӯшидан ва хӯрок омода сохтан бо он ҷоиз нест.
19. Обе, ки дар офтоб гузошта шуда ва зери таъсири ҳарорати он гарм шудааст, аз он ҷо ки корбурди (истеъмол) он эҳтимоли пайдоиши доғҳои сафедро дар бадан дорад, беҳтар аст дар вузу ва ғусл аз истифодаи он худдорӣ шавад.
20. Пӯсти ҳайвони худмурда, вақте бо роҳи офтоб додан ва ё дигар воситаҳои омодасозӣ ва коркарди пӯстҳо ош (дабоғат) дода шавад ва хушк гардад, дар болои он намоз хондан ҷоиз аст. Пӯсти хук бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ пок намегардад.
Абдушариф Боқизода,
муфассир

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top