ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДИН, ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имруз, 7 – уми июл ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода, аъзоёни ҳайати мушовараи Кумита, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Кумита, масъулини шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Варзоб иштирок намуданд. Дар ҷаласаи ҳайати мушовара натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар шаш моҳи аввали соли 2023 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба масъалаи якум гузориши муовини Раиси Кумита Фаррухулло Олимзода доир ба фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2023 ва амалишавии талаботи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ шунида шуда, аз ҷониби Ҳайати мушовара мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода ба кормандони соҳа барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият дар ҳамаи самтҳо, хусусан дар самти татбиқи босамари қонунҳои соҳавӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дастур дод.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top