19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ дар шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар рафти суҳбат маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ, дӯстию бародарӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолат ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар ва тадбирҳои ҳукуматҳо ҷиҳати таъмиқи робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо вазъи робитаҳои ду кишварро дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки иштироки ду кишвар дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ метавонад бар нафъи давлатҳо хизмат расонад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.