«Роғун» омили муҳимтарини пешрафти
иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии
осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони
маҳбубамон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳангоми ба забон гирифтани номи Роғун пеши назари ҳар як сокини сарбаланди мамлакати соҳибистиқлоламон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабл аз ҳама ибтикори ватандўстона ва корномаи беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёди иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» меояд.
Маҳз таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» аз нав эҳё гардида, давра ба давра тақвият ёфта, 16 ноябри соли 2018 агрегати якум ва 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюм бо иштироки Роҳбари давлат ба кор дароварда шуданд. Фаъол шудани ду агрегати НБО-и «Роғун» қадами ҷиддие ба пеш дар роҳи ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистони азиз гардида, уммедвориҳои қариб якасраро ба воқеияти рўз табдил доданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки аз он давра то кунун ба василаи агрегатҳои мазкур, аллакай 6,4 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст.
Ин воқеияти бузурги таърихӣ маҳз аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўйи кор омада, барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи муътамаду устувор гузошт.
НБО-и «Роғун» дар яке аз мавзеъҳои зебову ҳушобуҳавои Ватани азизамон – шаҳри Роғун бунёд шуда истодааст. Номи шаҳри Роғун аз вожаи бостонии «роғ» бармеояд, ки як маънии он «доманаи кўҳ» буда, маҳз дар ин диёри воқеъ дар миёни кўҳсор дар радифи манзараҳои дилфиребу дилпазир, мавзеи мусоиде баҳри бунёди иншооти бузурги тавлиди нур муҳайё аст, ки андешаи дар хидмати инсон гузоштани он, ҳанўз солҳои 30-юми асри гузашта падид омада буд.
Бо назардошти чунин имконияти созгор дар марҳалаи болозикр кашшофон ба ин мавзеъ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо сипарӣ гаштани чанд даҳсола, яъне солҳои 70-уми қарни ХХ корҳои асосноккунии техникиву иқтисодӣ дар мавриди сарбанду обанбори неругоҳ шуруъ шуданд ва расман соли 1976 сохтмони он оғоз гардид.
Ба ин тариқ, корҳо дар он марҳала то соли 1987 ҷараён гирифта, бо оғози сиёсати бозсозӣ тадриҷан маблағгузории он бамаротиб коҳиш ёфтан гирифт, мутахассисони варзида ба тарк кардани ҷойи кор сар карданд ва ин тариқ, раванди сохтмон рў ба таназзул ниҳод. Баробари пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва оғози ҷанги таҳмилӣ сохтмони неругоҳ куллан қатъ гардида, замони даргириҳо дучори ғорат низ шуд.
Новобаста аз ин, бояд махсус таъкид кард, ки аз нахустин солҳои барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар андешаи эҳёи НБО-и «Роғун» буданд. Ин аст, ки ибтикороти Роҳбари давлат барои идомаи сохтмон ҳанўз аз соли 1994 оғоз гардиданд, вале вазъияти ноорому мушкили он давра ба пешравии корҳо халал мерасониданд.
Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон менамоянд дар мамлакат корҳои созандагӣ амалан аз аввали солҳои дуҳазорум, яъне баъди барқарор гаштани сулҳу суботи комил, шуруъ шуданд.
Ин аст, ки соли 2007 сохтмони НБО-и «Роғун» аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ оғоз гардиданд. Ҳамзамон, бо назардошти аҳамияти бузурги минтақавӣ ва таъмини шаффофияти корҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ барои гузаронидани тадқиқоти лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» муроҷиат намуд. Ин муроҷиат пазируфта шуда, лоиҳаи сохтмон аз ҷониби ширкатҳои бонуфузи аврупоии «Коен-эн-Беллиер Консалтинг Иҷения» (Фаронса) ва «Пойри Энержи» (Швейтсария) дастгирӣ ёфт. Дар баробари ин, ширкатҳои мазкур таъкид намуданд, ки НБО-и «Роғун» аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар буда, аз ҷиҳати таъсири экологӣ хатарнок нест ва на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки кулли кишварҳои минтақа аҳаммияти бузург дорад.
Ҳамзамон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2008 (№ 186) Оиннома ва сохтори идоракунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқии обии “Роғун” тасдиқ карда шуда, сармояи оинномавии он дар ҳаҷми яксаду шонздаҳ миллион сомонӣ муайян карда шуд.
Яъне, маҳз ҷасорату матонат, далериву шуҷоат ва сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамаи саддҳои сунъӣ бартараф карда шуданд ва барои бунёди НБО-и «Роғун» роҳи васеъ боз гардид. Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат раванди бунёди он босуръат пеш рафта сохтмони неругоҳ на танҳо ба арсаи меҳнати фидокорона табдил ёфт, балки мояи ифтихори ватандорӣ ва баланд шудани ҳисси миллии шаҳрвандони кишвар гардид.
Дар ин маврид, чунонки Пешвои муаззами миллат қайд мекунанд «Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд». Ин суханони пурҳикмати Роҳбари давлат дар ҷомеаи мо мавриди амал қарор гирифта, имрўзҳо на танҳо шиори ҳар як фарди худогоҳу худшиноси мамлакат ба ҳисоб меравад, балки ба сармашқи кору фаъолияти созанда дар роҳи ободу зебо намудани Ватан мубаддал гаштааст.
Ҳамин ватандўстии кулли мардуми сарбаланди кишвар ва заҳмати содиқонаи коргарони бонангу номуси НБО-и «Роғун» аст, ки ду агрегати он ба кор даромада, барои иқтисодиёт ва сокинони мамлакат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда истодааст.
Дар ин замина, НБО-и «Роғун» барои таъмини аҳолии мамлакат бо шуғли пурмаҳсул, заҳмати созанда ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ мусоидат карда, айни ҳол дар ин иншооти бузурги аср 14 ҳазору 164 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, Сарвари давлат қайд намуданд, ки «шумораи зикршуда барои бомарому босуръат идома додани корҳои сохтмон ҳоло ҳам кифоя нест ва зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд».
Лозим ба таъкид аст, ки аз оғози корҳо дар НБО-и «Роғун» то имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди бунёди он ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ба ин хотир, ҳар як ташрифи Роҳбари давлат ба ин майдони корзори заҳмати созанда рўҳияи коргарони онро болида месозад.
Ташрифи навбатии Роҳбари давлат ба НБО-и «Роғун», ки санаи 9-10 августи соли 2023 ҷараён гирифт, барои пешрафти босуръати минбаъда ва бо сатҳу сифати баланд анҷом додани ҳамаи корҳо такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар вохўрӣ бо бунёдгарони НБО-и «Роғун», ки санаи 10 августи соли равони баргузор гардид, барои дар муҳлатҳои тасдиқшуда ба сомон расонидани корҳои сохтмони неругоҳ ва ба истифода супоридани агрегатҳои навбатии он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ин росто, махсусан оғози корҳои навсозии роҳи мошингарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз НБО-и «Роғун» то НБО-и «Шўроб»-ро, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо шинос шуданд, таъкид кардан лозим аст.
Аз он ҷумла, қисмати роҳи автомобилгарди даромадгоҳи шаҳри Роғун, ки дарозии он ёздаҳ километрро ташкил медиҳад, ҷиҳати боло рафтани сатҳу сифати зиндагии сокинон ва интиқоли молу маҳсулоти зарурӣ аҳаммияти калони иҷтимоиву иқтисодӣ дорад.
Хотиррасон бояд кард, ки агар бунёди НБО-и «Роғун» Тоҷикистонро ба истиқлоли энергетикӣ дастёб намояд, пас сохтмони масиру роҳҳои болозикр барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Чунин иқдомҳо ҳадафҳои стратегии мамлакатро дар ҳамбастагии зич ва босуръати том амалӣ намуда, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи муътамаду устувор мегузоранд.
Бори дигар бамаврид аст зикр намоем, ки НБО-и «Роғун» барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз мояи ифтихору сарафрозист, зеро чунин иншооти бузурги асри XXI ва ҳазорсолаи сеюм на танҳо дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик, балки дар таърихи минтақа ва ҷаҳон назир надорад. Сарчашмаи ин рўйдоди сарнавиштсози таърихӣ ибтикори беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ин корномаи бузурги Пешвои миллат дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, абадан мояи ифтихору сарбаландии мардуми бонангу номус ва заҳматкашу ободгари мо хоҳад буд. Дар ин маврид Сарвари давлат барҳақ қайд менамоянд, ки «баъди гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки неругоҳи «Роғун» — ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъю талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем».
Ҳамаи ин заҳмату талошҳо вобаста ба бунёди НБО-и «Роғун» пеш аз ҳама ба хотир рушди Тоҷикистони азиз, таҳкими истиқлоли он, боло бардоштани некуаҳволии мардум буда, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи мамлакат ҳатман бунёди онро ба анҷом расонида, ба наслҳои оянда ба мерос мегузорад, зеро барҳақ чунонки шоир фармудааст:
Нест бе пушту панаҳ Роғун,
Ҳаст ўро пуштибон,
Дар фазои беғубораш
Яккатозӣ мекунад чун офтобе,
Оли Раҳмон!
Масрур АБДУЛЛОЗОДА
доктори илмҳои филологӣ, профессор