13-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе давраи ниҳоии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид.
Дар даври ниҳоии озмун намояндагони шаҳру ноҳияҳое, ки дар давраи дуюми он ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, иштирок варзиданд.
Дар расми ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси Кумита ҳадафи ташкил ва роҳандозии озмуни “Дастархонороӣ”-ро эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги дастархонороӣ арзёбӣ намуд.
Ба ҳунари дастархонороии иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун довардони босалоҳият аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” баҳо гузоштанд.
Тибқи баҳогузории ҳакамони озмун намояндагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷои якум гардиданд. Ҷои дуюм ба намояндагони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дода шуд. Намояндагони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ваҳдат ва Ёвон сазовори ҷои сеюм гардиданд. Иштирокчиёни озмун аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Тоҷикобод ҷои ифтихориро сазовор гаштанд. Ҳамаи ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, иштирокчии фаъоли даври ниҳоии озмун Манижа Алиева бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.