ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

САРПАРАСТОНИ ЯТИМОН АЗ АҲЛИ БИҲИШТАНД

Саҳл мегӯяд: “Паёмбари Худо (с) бо ишораи ду ангушт сабоба ва миёна, ки қадре миёни онҳо фосила андохта буд, фармуд: “Ман ва сарпарасти ятим дар биҳишт ин гуна хоҳем буд”., Мухтасари Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 1858, дар китоби худи Бухорӣ ҳадиси 5304”.
ва дар ҷойи дигар:
Абуҳурайра (р) мегӯяд: Паёмбар (с) бо ишора бо ду ангушт сабоба ва миёна фармуд: “Ман ва касе, ки як ятими хешованд ё ғайрихешовандро сарпарастӣ кунад, дар биҳишт монанди ин ду ангушт дар канори якдигар хоҳем буд”, – Мухтасари саҳеҳи Муслим, ҳадиси 1766.”.
Гоҳо аҳли ҷомеа дар хусуси баъзе ҳодисаҳои даҳшатнок аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар намуди расонаҳо моро хабардор мекунанд, ки зимни шунидан, қалб ба сӯзиш медарояд ва лаҳзае вуҷудамонро ларза фаро мегирад. Табибон ин гуна ҳолатро бардоштани стресс ва шок арзёбӣ менамоянд. Бале, ҳине чун мешунавем, ки модаре бо чанд нафар тифл худро овехтааст ё ба об андохтааст, ҷойи дигар ҷавонзане фарзандонашро буғӣ карда куштааст ё ки бар қасди рафтори шавҳари беаҳдаш кӯдаки маъсумашро бераҳмона мезанад, албатта бехуд ва даступохӯрда мешавем ва нисбат ба ин гуна одамон ҳисси нафратамон боло гирифта, ба андеша меравем. Дар ин маврид ба худ суол медиҳем, ки чи гуна бархе аз модарон метавонанд, қиматтарин неъмати дунё – фарзандони маъсуми худро бизананд ё ки бикушанд? Охир ҳатто ҳайвон, ки фарқияти ӯву инсонҳо фақат ақлу шуур аст, ин рафтори даҳшатоварро карда наметавонад!
Аммо аслан, мақолаи имрӯзаи моро мавзуъ тамоман чизи дигарест. Хушбахтона, чанд рӯз қабл бо модаре ошно шудем, ки бо зиндагӣ ва андешаҳои наку ва хоссааш мафтунамон сохт ва бори дигар эътимодамон қавитар гашт, ки воқеан ҳам модарон нерўи хеле пурқудрате доранд ва метавонанд аз ин нерӯ кор гирифта, амалҳои зиёди хайреро ба сомон бирасонанд, ба вижа занону модарони тоҷик.
Рӯдоба Муъминҷонова аслан зодаи шаҳраки Бӯстон (собиқ Чкаловск) аст, волидонаш, ки худ омӯзгорони фанни забон ва адабиёти рус буда, аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд мебошанд, солҳои баъдиҷангӣ барои беҳтар кардани сатҳи зиндагонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба Россия рафтанд ва муқими ҳамин кишвар шуданд. Рӯдоба соли 1997–ум коллеҷи тиббии шаҳраки Чкаловскро хатм карда, баъдан ҳамроҳи шавҳар аз пайи волидонаш ба Федератсияи Россия кӯч баст. Инак, 21 сол аст, ки ӯ ва аҳли хонаводааш дар шаҳри Медногорски вилояти Оренбург умр ба сар мебарад. Солҳо сипарӣ мешуданд, акнун ҳамватанамон-Рӯдоба ва шавҳараш соҳиби чор фарзанд буданд (аз ин шумор ду писарашон дугониканд), бар замми ин маслиҳат карда, боз чор нафар кӯдаки ятимро аз ятимхона ба тарбияти худ гирифтанд. Дар баробари Рӯдоба якчанд оилаи дигари шаҳраки Медногорск низ хоҳиши ба фарзандӣ қабул кардани кӯдакони ятимро доштанд, аммо масъулини соҳа зиндагӣ ва кору рафтори Рӯдобаи тоҷикро ташхису таҳлил намуда, натиҷагирӣ карданд ва маҳз ба ӯ иҷозати ба фарзандӣ қабул намудани чор тифлро доданд. Бархе аз мардуми таҳҷоии Медногорск дар оғоз аз ин кор як андоза озурдахотир ҳам шуданд, аммо илоҷи дигаре надоштанд, муносибату ҳаёти Рӯдобаи тоҷик ҷавобгӯи тамоми талаботҳои зарурӣ буд. Акнун фарзандони ӯ – Рустам, Настя, Маша, Леонид, Лиза, дугоникҳо – Ҳасану Ҳусейн ва ниҳоят, Малика аҳлонаву дӯсту тифоқ зери як бом зиндагӣ мекунанд…
Вақте бо рӯзгор ва фаъолияти Рӯдоба ошноӣ пайдо намудем, эҳсос кардем, ки воқеан ҳам агар инсон барои анҷом додани корҳои нек ва бузург саҳм бигирад, метавонад онро бомуваффақона анҷом бидиҳад. Рӯдоба низ аз зумраи чунин занҳо маҳсуб меёбад. Ӯ имрӯз дар хона ба тарбия ва нигоҳубини 8 фарзанди худ машғул аст, аммо аз тариқи онлайн (фосилавӣ) дар чор муассиса фаъолият менамояд ва яке аз фаъолзанҳои муваффақ ба шумор меравад. Номбурда дар шабакаи иҷтимоии “Ютуб” шабакаи махсуси хешро таҳти унвони “Рӯзномаи модари ҳашт фарзанд” боз намудааст ва аз тариқи он ба бонувони дигар низ зебо ва ҳунармандона зистанро меомӯзад ва аз таҷрибаи рӯзгордории худ барои бонувон қиссаҳои аҷибе мекунад.
Рӯдоба қисса мекунад, ки то ба фарзандӣ қабул кардани ин дӯстрӯякони аз падару модарони худ ятиммонда ҳамагӣ се писар дошт ва дар орзуи духтарчаи дӯстрӯяке буд, дар замири духтари ҳанӯз ба дунё наомадаи хаёлиаш барои худ дӯст ва дугонаву ёрирасони корҳояшро тасаввур мекард…
Онҳо рӯзе бо шавҳари худ маслиҳат карда, аз хонаи кӯдакони ятим се духтар ва як писарро, ки ба навозиш ва муҳаббати падару модар ниёз доштанд, ба фарзандхондӣ қабул карданд. Кӯдакон ҳар кадом дар синну соли гуногун ва хурдсолӣ қарор доштанд. Дар оғоз хеле мушкил буд, нигоҳубин ва ба по хезонидани ин тифлакон. Гоҳо миёни ӯву шавҳараш ҳамдигарнофаҳмиҳо ба миён меомад, аммо Рӯдоба тифлакононашро дӯст медошту муҳаббати доштаи худро нисбат ба онҳо баробар тақсим мекард, ба корҳои Рӯдоба модараш, ки дар ҳамсоягӣ зиндагонӣ мекард, кӯмак мерасонид.
Солҳо мегузаштанд, аҳли ин оилаи бузург ҳам ҳар кадом ба воя мерасиданд. Бо гузашти солҳо духтаракону писарон дастёри модар мегаштанд. Ҳоло Настя- духтархонди калонӣ аллакай забони тоҷикиро омӯхта, пурра бо ин забони шево бурро ҳарф мезанад. Ҳатто задаҳои забониро дуруст ҷобаҷо мегузорад, ки ин ҳолат ба модар фараҳ ва шодӣ ҳадя мекунад. Хушбахтии дигари аҳли ин хонавода он аст, ки пас аз ба фарзандӣ қабул кардани ин духтаракон ва писараки рус Рӯдоба соҳиби духтарчаи орзуҳояш гашт ва инро низ ӯ аз пайу қадам ва баракати фарзандхондаҳои худ медонад.
Ӯ мегӯяд: – “Ман баракати фарзандхондҳои худро қариб ҳар рӯз дар зиндагониям мушоҳида мекунам. Ҳис мекунам, ки кори хайр ва савоберо анҷом дода истодаам, ҳарчанд душвориҳову монеаҳо дар зиндагӣ истисно нестанд, вале бар замми ин лаҳзае, ки табассуми беғаши фарзандонамро мебинам, тамоми ғаму хастагӣ маро тарк менамоянд.
– Барои осон кардани мушкилоти зиндагӣ кадом роҳу воситаҳоро истифода истифода мебаред?
– Мақсад дорам, як фермаи чорводорӣ ташкил намоям ва барои амалӣ намудани ин ҳадафи худ аллакай аз пайи анҷом додани баъзе аз корҳо мебошам. Айни ҳол бошад, якчанд сар бузро дар як гӯшаи ҳавлии худ парвариш мекунам, ки ҳар рӯз шири онҳоро ҷӯшида, аз он фарзандонамро бо маҳсулоти ширӣ таъмин менамоям.
– Аз шир чи гуна ғизоҳо омода месозед?
– Тамоми намуди ғизоҳоро метавонам омода намоям, аз он ҷумла, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, ки айёми кӯдакиҳо модарам ва бибиам дар Тоҷикистон барои мо омода мекарданд ва боз он ғизоҳоеро, ки дар ҳудуди вилояти Оренбург ва кулли сарзамини Россия машҳуру маъмуланд, омода менамоем.
Ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки мо дар ҳавлии худ на танҳо буз парвариш мекунем, инчунин мурғу харгӯшпарварӣ ва зироаткориву гулпарварӣ низ мекунем. Фарзандонамро низ ба ин корҳо ҷалб мекунам, мақсад он аст, ки онҳо меҳнат карданро омӯзанд ва дар ҷодаҳои пасту баланди зиндагӣ азоб накашанд.
Бо писаронам бошад, муносибати махсус лозим аст, бо онҳо низ машғулиятҳои ҳунарӣ доир менамоем ва дар он ҳар гуна асбобҳо месозем, нозукиҳои пешаи рассомӣ ва маҳорати устогиро ба онҳо ёд медиҳем.
Ҳавлии мо, хусусан дар фасли тобистон бӯстонро мемонад, ин намои зебо, ки маҳсули заҳмати ҳамаи аҳли хонаводаи мо аст, фарзандонамро хеле хушҳол месозад ва ҳамсоягон низ онро дида, ба мо аҳсант мехонанд.
Ҳамин тариқ рӯзҳову солҳо паси сар мешуданду фарзандон ҳар кадом пайи ҳам ба воя мерасиданд. Мутаассифона дар ҷараёни пурталотуми ҳаёт Рӯдобаро мушкилоти муайяни зиндагӣ домангир мегаштанд. Аммо Рӯдоба ҳамоно талош мекард, то худро руҳан қавӣ нигоҳ дорад. Ҳамоно бо фарзандхондҳои худ бомуҳаббат муносибат менамуд.
– Модар дар ҳама гуна ҳолат бояд модар боқӣ бимонад, на ин ки зимни ба миён омадани мушкилоти ҳаёт аз фарзандон даст бикашад, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Рӯдобаи тоҷикдухтар бо меҳнатдӯстӣ ва кордониву меҳрубонии худ мардуми таҳҷоиро пайваста ба ҳайрат меоварад. Ба носозгориҳои ҳаёт нигоҳ накарда, сатҳи зиндагиашро рӯз ба рӯз беҳтар месозад. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар озмуни ноҳиявии “Оилаи беҳтарин” дар миёни 12 – хонаводаи таҳҷойӣ оилаи Рӯдоба мақоми аввалро ишғол намуд.
– Бовар кунед, хеле гуврост, вақте ки худат заҳмат мекашӣ ва маблағ ба даст меоварӣ, – бо табассуми зебое қайд менамояд – Рӯдоба. Ёдовар шудан мехоҳам, ки агар имрӯз занон хоҳиш дошта бошанд, дар хона нишаста аз тариқи интернет метавонанд аз меҳнати зеҳнии худ маблағ ба даст биоранд ва зиндагии хешро пеш баранд.
– Миёни мардум андешае вуҷуд дорад: – Фарзандони бузург- мушкилоти бузург- аз ҳикмати ин фармуда намеҳаросед?
– Бе ин намешавад албатта, тамоми модарони дунё ҳамеша дар ташвишанд, ки фарзандонашон зиндагии шоистае дошта бошанд ва аз мушкилоти зиндагӣ дар амон бошанд. Вале агар чунин ҳолат дучор омад, бовар дорам, дар якҷоягӣ пайи бартараф кардани он хоҳем буд. Зиндагӣ худ ҳамин аст…
Бо Рӯдоба барои суҳбат вақти каме доштем, ҳамагӣ соате дар як рӯз, аммо аз ин суҳбат як ҷаҳон таассуроте бардошт намудем.
Хеле мехостам, тамоми бонувони мо, аз таҷриба ва хиради ӯ панде бигиранд ва кору пайкорашро омӯхта бошанд ва дар дилхоҳ холатҳои мушкили ҳаёт дар вартаи навмедӣ наафтида, ҳамеша барои зиндагии шоистае талош намоянд.
Дар ниҳояти қисса ба хоҳарамон Рӯдоба, ки зиндагии зебову рангини тоҷиконаро дар як гӯшаи кишвари дур аз мо пеш мебарад ва ифтихори тоҷик буданро ҳамеша дар қалбаш мепарварад, барору комёбӣ таманно дорем ва итминон дорем, ки ғамхориву сила кардани сари ятимон ва тарбияи дурусту кофӣ додан ба онҳо савобу баракати зиёдеро дар рӯзгори ин модари мушфиқ ва меҳрубони тоҷик арзонӣ хоҳад дошт.
Зеро, ҳадис ва ривоятҳои саҳеҳ башорат медиҳанд, ки сарпарастони ятимон аз аҳли биҳиштанд.

М. Яҳёзод

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top