Ифтитоҳи бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Турсунзода
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд. Бинои нав аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар он барои …