ХАЛИФАИ БАДАХШОН: “ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР РОҲИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ ҶАВОНОН МУСОИДАТ МЕКУНАД”

  • Posted on: 3 October 2018
  • By: admin

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои миллӣ қабул гардиданд, ки моҳиятан хеле муҳим ва сомонбахши ҳаёти рӯзмарраи мардуми кишвар маҳсуб меёбанд. Яке аз чунин ҳуҷҷатҳои зиндагисоз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад, ки дар асоси таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллии халқи куҳанбунёди тоҷик моҳи августи соли 2011 қабул гардидааст. Мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, пос доштани арзишҳои умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Дар баробари ин, гуфтанист, ки сарчашмаи дигари ин Қонун таълимоти ноби исломӣ маҳсуб меёбад. Дар шароити соҳибистиқлоии Тоҷикистон, ки тақрибан кулли мардуми он мусалмон мебошанд, сарчашмаҳои исломӣ, бахусус Қуръони Маҷид ва аҳодиси набавӣ аз ҷумлаи беҳтарин ганҷинаҳои фарҳангии гузаштагони мо ба шумор меравад ва як навъ сарчашма ва раҳнамои кори тарбия ва пайравӣ мебошад. Бинобар ин, ба ҳар як ходими дин лозим аст, ки ҳангоми анҷом додани маъвизаҳо оид ба иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба сарчашмаҳои исломӣ, ки роҷеъ ба таълиму тарбия ва танзими масъулиятҳо дар ин самт мебошанд, такя кунад, зеро гуфтаҳои Худову Расул ва дигар бузургони дин беш аз ҳама таъсирбахштаранд.

Вобаста ба ин мо халифаҳои исмоилии Бадахшон аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле минатдорем, ки бо супориши ӯ Қуръони Маҷид ба забони ноби тоҷикӣ тарҷума шуда, дастраси мо гардид. Акнун мо метавонем дар кори ҳаррӯзаамон, аз ҷумла дар тарѓиби Қонуни мазкур аз он озодона истифода намоем. Дар боби аҳамияти сухани қудсӣ ва шеъру сухан дар таълиму тарбия Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд:

«Ҳама хуб медонем, ки шеъру сухани оламгир ва девону дафтари ибратомӯзи олимону шоирони гузаштаамон дар омезиш ба дини мубини ислом ва суннатҳои волои он густариш ёфтаанд. Бигузор китоби муқаддаси Қуръон ба забони модарӣ ба ҳар як шаҳрванди тоҷик дастрас шуда, барои дарки мероси гузашта, суннатҳои қадима ва расму оинҳои аҷдодии мо ёварӣ намояд, барои парвариши ақлу босират, ахлоқу одоби нек ва хислатҳои наҷиби инсонӣ раҳнамоӣ кунад».

Тавре ба ҳамагон маълум аст, ахиран аз 11 то 15-уми сентябри соли равон Пешвои муаззами миллат ба ВМКБ сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин сафари худ Пешвои миллат дар баробари натиҷагирӣ аз рушди воқеии иқтисодию иҷтимоии вилоят, инчунин аз вазъи феълии тартиботи ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Албатта, ин вокуниши Пешвои миллат мо-ходимони дини вилоятро водор месо зад, ки беш аз пеш корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшем. Дар ин роҳи тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, бешак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» метавонад ба мо мусоидат намояд.

Ҷумъа Раҳматуллоев,

Халифаи расмии деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуѓнон