ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

НОҲИЯИ ВАХШ: ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ

Дар ҳошияи баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии гуруҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Прокуратураи ноҳияи Вахш бо иштироки кормандони ҷамоат, фаъолони ноҳия сокинони кӯчаю маҳаллаҳо, омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси ноҳия Муҳаммади Шарифзода ва мудири бахши дини ноҳияи Вахш инчунин, кормандони Маркази исломшиносӣ Ҳ.Шокиров, М. Наботов, Мутеъуло Наҷотзода, корманди Кумитаи дин Аҳлиддин Сайвалиев ва корманди Прокуратураи ноҳия Раҷабалӣ Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар нимаи дуюми рӯз низ чунин суҳбату вохӯриҳо дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ақами 10, ҷамоати 20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор гардид.
Лозим ба ёддоварист, ки чунин суҳбату мулоқотҳо дар ноҳияи Вахш идома меёбанд.
Мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ – Шокиров Ҳ.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top