РОҒУН-МАНБАИ НУР ВА ОМИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН

  • Posted on: 14 November 2018
  • By: admin

Боиси хушнудиву нишот ва сарфарозиву ифтихор аст, ки Тоҷикистони маҳбубу муқаддас имрӯзҳо таҳти сарвариву раҳнамоии инсони нексиришт ва дурнигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи рушди босуботро пеша намуда, нақшаву барнома ва ҳадафҳои давлатдории навини миллӣ ба сӯи ояндаи дурахшон мушаххасу муайян гардидаанд. Хушбахтона, имрӯзҳо дар саросари кишвари азиз дар партави Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳои сазовор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, дар ин раванд корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкориҳо бомаром ҷараён дорад.

Воқеан, ин ҳама ободкориву рушду пешрафти Ватан аз ҳидоятнома ва роҳнамоиҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи бомароми ҳадафҳои стратегии кишвар маншаъ мегирад. Ва мо халқи шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки ба корнамоиву ташаббусҳои неки Сарвари давлат арҷгузорӣ намуда, баҳри татбиқи муваффақонаи ин сиёсати оқилонаву раиятпарастона ҷаҳду талош варзем.

Мо-мардуми Тоҷикистон бахубӣ огаҳӣ дорем, ки Пешвои муаззами мо ҳамеша ба масъалаи таъмини рӯзгори босаодати ҳар як фарди кишвар ибрози назар намуда, баҳри расидан ба ин нишондод татбиқи се ҳадафҳои стратегиро аз қабили раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба миён гузоштанд.

Вобаста ба ин, маълум аст, ки хушбахтона бо азнавсозиву бунёд ва ба истифода додани беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар самти таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя шарафёб гардидем. Баҳри ноил гардидан ба татбиқи ҳадафи таъмини амнияти озуқаворӣ бошад, майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 100 ҳазор гектар ё 2 баробар зиёд буда, ин омил бомаром ҷараён дорад.

Ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бошад, кӯшиш ва талошҳои пайгирона ба роҳ монда шуда, баҳрабардории НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир», даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сурат гирифта, дар ин самт заминагузорӣ намуд, ки хушбахтона имрӯзҳо маҳдудияти нерӯи барқ дар фасли сармо аз байн бардошта шуд.

Марҳилаи навбатӣ ва қадами устувор дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ - бунёди неругоҳи барқи обии Роғун маҳсуб меёбад ва хушбахтона аз истифодадиҳии чархаи аввали он, ки ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр тавъам меояд, хурду бузурги кишвар бесаброна интизорем.

Дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як омилу раванди кори бунёди неругоҳи барқи обии Роғунро зери назорати ҳамешагӣ қарор дода, шахсан дар расми тағйир додани маҷрои дарёи Вахш ва оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳ худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшиданд ва аз ин тадбири муҳим натанҳо мардуми кишвар, балки тамоми мардуми сайёра хуш истиқбол намуда, ба корномаҳои Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланду сазовор доданд.

Зимни суханронӣ дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан - мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад”.

Дар ҳақиқат, агар ба бунёди неругоҳи барқи обии Роғун назар афканем, бешак ин манбаи нур метавонад омили рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар гардад. Яъне бо ба кор даромадани ин нерӯгоҳ заминаи мусоид баҳри бунёди корхонаву муассисаҳои нав ва бо ҷои корӣ таъмин намудани бекорон фароҳам гардида, сатҳи зиндагии мардум боз ҳам баланд хоҳад гардид. Аз ҷиҳати дигар ба андешаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «нерӯгоҳи “Роғун” барои истеҳсоли “нерӯи сабз”, яъне пешгирӣ кардани партовҳои зарарнок ба атмосфера ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ имконияти беҳтарин муҳайё месозад».

Аз ин нуқтаи назар зикр кардан бамаврид аст, ки бунёди неругоҳи барқи обии Роғун заминагузори рушди босуботи кишвар ва муаррифгари симои мурдуми шарифу созанда ва бунёдкори Тоҷикистон аст.

Маҳмадюсуф Қозиев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон