Озмун барои интихоби роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2016"

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2016” озмун эълон менамояд.
Огоҳии комил доштан аз маносики ҳаҷ, доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён, ҷисман обутобёфта ва дар шароити душвор кор кардан, донистани забони арабӣ ёанглисӣ дар сатҳи муошират аз шартҳои асосии озмун аст. 
Дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2016” нафарони синнашон то 60- сола иштирок карда метавонанд.
Барои иштирок дар озмун бояд ариза ба номи Раиси Кумита, нусхаи шиноснома, маълумотнома аз ҷои истиқомат, маълумотномаи тиббӣ (шакли 086), 2 адад расми 3х4 ва варақаи шахсӣ пешниҳод гардад.
Танҳо нафарони ба меъёрҳо мувофиқбуда ба сўҳбат даъват карда мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то санаи 28-уми марти соли 2016 ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Лоҳутӣ 14. Тел: 223.12.58