ЭЪТИРОЗЕ БО ИШТИРОКИ АҲЛИ ЯК ОИЛА?

  • Posted on: 5 December 2018
  • By: admin

Имрӯз носипосони давр, яъне  пайравони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ, ки аз гирдоби ҷаҳолату хурофот берун шуда наметавонанд, худро дар назди ҷаҳониён ва мардуми шарафманди Тоҷикистон сафед карданӣ шуда, гӯё барои озодӣ дар хориҷи кишвар мубориза бурда истодаанд. Мақсад доранд боз бо ташкил намудани таҳазурот бори дигар аз худ дарак диҳанд, ки чи гуна махлуқанд. Бехабар аз он ки натиҷаи ин таҳазуротҳо аллакай дар мафкураи мардум  аён ҳаст, ки чи ҳодисаву нобасомониҳоро ба бор овардааст. Афсус аз он мехӯрам, ки новобаста аз кӯрнамаку ношукр буданашон, мутаассифона дар минбарҳои бархе аз созмону ниҳодҳои пайрави сиёсатҳои дугона роҳ меёбанду мақсадҳои нопоки худро ифшо месозанд. Чун ба даричаи таърихи гузашта назар меафканем, мебинем, ки  дар қадамҳои аввалини   наҳзатиҳо аз ҳимояи ислому арзишҳои исломӣ сухан мерафт. Вақте ки ин усулро истифода бурданд, тири ноҳақашон  ба ҳадафҳои  ғаразнок нарасид. Имрӯз ин номардон  имиджи худро дигар кардаанд, ба таври худашон  «демократу озодхоҳ» гардиданд. Сиёсате ки тӯли  27 сол Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ кард, миллати тоҷикро ободу хуррам гардонид ба инҳо маъқул нест. Вале як чизро ин махлуқон фаромӯш насозанд, ки инсони дурӯя ҳамеша ҳам аз нигоҳи дини мубини ислом ва ҳам аз назари қонунҳои олами инсоният шадидан маҳкум мешавад. Дар ҳоле ки ин тоифа маънои ҳувияти миллӣ, ватану хештаншиносиро дарк карда наметавонанд, бо ба ҳам омадани чанд ифротие ба ном “Паймони миллӣ” таъсис медиҳанд. Яъне аз номи миллат касе иддаои паймонсозӣ дорад, ки дар гузашта бо дасти ӯ модари тоҷик бешавҳар, кӯдакони ноболиғ ятим, халқ гурезаву ҳайрон ва бехонаву дар гашт.

Ҳоло роҳбарони ТЭТ ҲНИ хуб дарк кардаанд, ки дигар миллат ба онҳо бовар надорад, аммо ба хотири сафед кардани худ назди хоҷагони хориҷиашон сухан аз эътирозу гирдиҳамоиҳо мезананд. Тазоҳуроте, ки бо иштироки аҳли оила ва пайвандони фирории Кабирӣ маҳдуд аст.

Нигинамо Ризоева,

сармутахассиси Кумита