ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ: НИШОНАҲО ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ОН (дар мисоли як ҷамоати н. Шаҳринав)

Дар дунё гурӯҳ ва равияҳое пайдо шудаанд, ки барои расидан ба аҳдофу ағрози сиёсиашон ва ба даст овардани ҳокимияти мутлақ бар сари кулли бошандагони дунё роҳу равишҳои номашруъ ва ғайриинсониеро барномарезӣ кардаанд, ки бо унвони терроризм ва экстремизм шинохта мешаванд. Терроризм [аз калимаи лотинии terror] дар луғат маънои тарсафканӣ, даҳшатпаҳнкуниро дошта, экстремизм [аз калимаи лотинии extremus] бошад, маънои аз ҳад гузаштан ва ифротгароиро медиҳад.

Терроризм ва экстремизм дар ҳама қавму миллатҳо ва дину оинҳои дунё мавҷуд аст. Ин гуфтаи мо на ба маънои он аст, ки дину миллатҳои дунё дар пайдоиш ва ташаккули ин падидаҳои номатлуб ва ғайришаръӣ мусоидат мекунанд, балки ба он маъно аст, ки ин гурӯҳҳо метавонанд барои расидан ба аҳдофу манофеи чиркини гурӯҳиашон аз номи ҳар дину мазҳаб ва ҳар қавму миллат сӯистифода намоянд ва ҳар либосеро аз номи дину мазҳабҳо ва қавму миллатҳо ба гурӯҳҳои хеш пӯшиш диҳанд (чи тавре ки дар чанд соли ахир аз номи дини мубини ислом истифода менамоянду номи исломро дар назди намояндагони дигар дину мазоҳиби дунё манфур месозанд). Яъне мо гуфта наметавонем, ки ин падидаҳои номатлуби ҷамъиятӣ танҳо хоси дини масеҳист ё буддоӣ ё ислом ва ғайра ва ё марбут ба миллати афғон ё рус ё арабу форс аст. Чунки қатлу куштори мардуми осоишта, аз ҷумла, бераҳмона ва ба таври ваҳшиёна қатл кардану шиканҷа намудани занону кӯдакон ва пирону барҷомондагонро ягон дину оин ва ягон қавму миллат қабул надорад ва ба ин роҳ ташвиқу тарғиб ҳам намекунад. Ягон дину оин ва ягон қавму миллат намефармояд, ки мардуми осоиштаро ҳангоми анҷоми маросими ибодатӣ дар ибодатхонаҳо (чи масҷид бошад чи калисову куништу бутхона ва ғайра) оташ зад ё тарконид ва маконҳоеро, ки издиҳоми мардум (аз ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ, намояндагони динҳои гуногун, занону кӯдакон, пирону барҷомондагон) доранд, бо маводҳои тарканда мунфаҷир сохт ва ё бо автомашинаҳои вазнини боркаш зер кард. Аз ҳама муҳим он аст, ки ягон қонуни динӣ ва дунявӣ (конститутсияҳои давлатҳо ва китобҳои диние монанди Қуръон, Инҷил, Таврот ва ғайра) ба чунин ваҳшоният ҳидоят намекунанд. “Аз ин рӯ, қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард” – фармуда буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм (соли 2011).

Чи тавре дар боло қайд намудем, тайи чандин даҳсолаҳост, ки гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ аз номи ислом бо такфиризму “ҷиҳод”-и исломӣ ҷомеаи башарро ба таҳлука андохтаанд; чандин шаҳрҳоро харобу валангор, чандин миллион нафар аҳолии осоиштаро ба қатл расонидаанд; чандин миллиони дигар мардуми саёраро бехонавудар ва овораи ҷаҳон намудаанд ва ҳазорҳо осори таърихии бебаҳои башариро ба коми фано кашидаанд, ки ба ин гуфтаҳои мо давлатҳои ҷангзадае чун Афғонистон, Сурия, Ироқ ва ғайра мисол шуда метавонанд. Инчунин, гурӯҳҳои террористие монанди “Алқоида”, “Ҳизбу-т-таҳрир”, “ДИИШ”, “ҲНИТ” ва ғайра зуҳур карда, садҳо амалиётҳои хунини даҳшатбори ғайриинсониро дар ҳаққи мардуми осоиштаи дунё анҷом додаанд, ки назирашро то ҳол таърих дар сафаҳоти китоби хеш сабт накарда буд...

Дар чанд соли ахир боди наҳси ин падидаи харобкор ва даҳшатафкан аз дигар давлатҳои ҷангзадаи исломии арабӣ ва ғайриарабӣ ба Тоҷикистони азиз ва давлати соҳибистиқлоли мо вазида, димоғу ақли баъзе ҷавонони ғофили моро заҳролуд кард. Натиҷа ҳамон шуд, ки ҷавонони мусаллаҳ бо ақоиди ғайримазҳабӣ бар муқобили рӯҳониёну домуллоҳои суннатӣ бархостанд ва ба кофир хондани ҳамдигарӣ шуруъ карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 аз вазъияти динии ҳамонвақта дар суханронии хеш дар конфронси бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам (дар мавзуъи “Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар”) чунин гуфта буданд: “...дар мавъизаҳои баъзе муллоҳои зоҳирбини мо садои ба куфр ҳукм кардани мусулмонон ва ҳатто кофир эълон кардани якдигар баланд мешавад, ки чунин рафтор комилан хилофи мазҳаби Имоми Аъзам аст”. Ҳатто кор то ҷое расид, ки садҳо ҷавонони тоҷик шомили гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гардиданд ва қисмате аз онҳо тарки ватан, падару модар ва зану фарзанд карда, озими давлатҳои ҷангзадаи арабӣ ва ғайриарабӣ гардиданд. Бо ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои миллат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту сохторҳои дахлдор корҳои судманд ва пурарзише дар ин самт анҷом пазируфт, ки ба ин “Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гаштани соли 2009-ум” (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), бо теъдоди зиёд тарҷума, таҳия ва нашр шудани як қатор китобҳои пурарзиши диниву мазҳабӣ (“Тарҷумаи Тафсири Табарӣ”, “Ҳидояи шариф”, “Қуръони карим”, “Саҳеҳи Бухорӣ” ва ғайра), қабули як қатор қонуну санадҳои ҳуқуқии динӣ, ба Ватан баргардонидани донишҷӯёни дар донишкадаву мадориси динии дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, манъ намудани фаъолияти чандин равия ва ҷараёнҳои террористиву ифротии исломӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ (“Алқоида”, “Ҳизбу-т-таҳрир”, “ДИИШ”, “ҲНИТ”, “Харакати исломии Ӯзбекистон”, “Ихвону-л-муслимин”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ансору-л-лоҳ”, “Салафия” ва ғайра мисол шуда метавонанд.

Донишмандон ва таҳлилгарони масоили динӣ чандин омилҳои гаравидани ҷавонони тоҷикро ба равияву ҷараёнҳои тундгаро дар суханронӣ ва мақолаҳои хеш ироа кардаанд. Масалан, дар мизи мудавваре, ки соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи “Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм” баргузор гардид, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фйзулло Баротзода, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидмукаррам Абдуқодирзода, директори Бунёди АвруОсиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон – Равшан Абдуллоев, директори Академия маҷозии “Тик барои рушд” – Асомиддин Атоев ва дигарон иштирок доштанд ва “норасоии иҷтимоӣ – иқтисодӣ, бекорӣ, фақр ва фасод, омода набудани ҷавонон аз дидгоҳи идеологӣ ва сиёсӣ, надоштани асолати исломи суннатӣ, яъне бесаводии динӣ, мавҷудияти омилҳои марзӣ, назарфиребии эмиссарони хориҷӣ”-ро омилҳои асосии зуҳури ифротгароӣ донистанд. Инчунин, дар нишасти мазкур ҷалби занону маҳбусони маҳбасхонаҳо барои тарғибу ташвиқи идеологияи гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ (ҳамчун неруи “нарм”), муҳоҷирати меҳнатӣ ва фаъолияти шабонарӯзии гурӯҳҳои мазкур дар шабакаи ҷаҳонии ИНТЕРНЕТ, хусусан, шабакаҳои иҷтимоии он (Фейсбук, Одноклассники, Вконтакти, Твиттер ва ғайра) ҳамчун омилҳои густариши терроризму ҷалби ҷавонон ба саффи гурӯҳҳои мазкур дониста шуд (“Ифротгароӣ аз куҷо сарчашма мегирад” – рӯзномаи “Ҷумҳурият”).

Мавриди қайд аст, ки донишмандону таҳлилгарони масоили динӣ оид ба омилҳои дар боло овардашуда дар мақолаҳои алоҳида низ андешаронӣ намудаанд. Масалан, корманди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҲҶТ – Шонасуридинов Маъруф дар мақолаи хеш “ДИИШ ё идеологияи тахрибкори миллату тамаддунҳо” панҷ омили ифротӣ шудани ҷавонон – шабакаҳои иҷтимоии ИНТЕРНЕТ, барномаҳои динии телевизионии хориҷӣ (тавассути моҳвораҳо), бетарафӣ ва камфаъолии аҳли рӯҳонияти тоҷик, муҳоҷирати меҳнатиро қайд намудааст. Ё директори Маркази тадқиқоти стратегӣ – Худобердӣ Холиқназар мақолаи хеш (“Сабабҳои ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба гурӯҳҳои тундгаро ва усулҳои пешгирӣ аз он”)-ро пурра ба проблеммаҳои мазкур дар муҳоҷирати меҳнатӣ бахшида, пайдоиши бештари унсурҳои барои ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли мо хатарнокро дар заминаи муҳоҷирати меҳнатӣ донистааст (маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”). Раиси Маркази исломӣ – Саидмукаррам Абдуқодирзода бошад, дар мақолаи хеш (“Баъзе омилҳои мусоидаткунандаи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ”) се омил – равонӣ, идеологӣ ва стратегиро нишон додааст (маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”).    

Аз таъсири боди наҳси терроризм ва экстремизм ноҳияи Шаҳринав ва Ҷамоати деҳоти Чуст дар амон намонданд. Аз ноҳияи Шаҳринав ҳудуди чил нафар ва аз Ҷамоати деҳоти Чуст ҳудуди даҳ нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон барои ҷангидан ба давлатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия рафтанд. Даҳҳо нафари дигар зимни гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯӣ-оперативии кормандони мақомоти қудратӣ боздошт ва чандин амалиётҳои террористӣ ошкору безарар гардонида шудаанд.

Таҳлилу омӯзиши фазои андешаи динии ҷамоат нишон дод, ки омили нахустину асосии пайдоиш ва зуҳури ифротгароӣ дар ҳудуди ҷамоат (танҳо дар як деҳа) “маҳбасххона” буда, омилҳои дигари он (волидону пайвандон, шабакаи ҷаҳонии интернет ва муҳоҷирати меҳнатӣ) бошад, ҳамчун омилҳои ёрикунандаву давомдиҳандаи омили боло хизмат кардаанд. Яъне яке аз сокинони Ҷамоати деҳоти Чуст, ки тайи чанд соли умри худро дар маҳбасхона гузаронида, аз онҷо бо ақоиди ифротӣ ба зодгоҳаш баргашт, дар деҳа ячейкаи худро пинҳонӣ таъсис дода, хешовандону ҳамдеҳагонашро ба доми фиреби худ даровард ва ақидаҳои онҳоро заҳролуд кард. Дар натиҷа, чандин нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон барои анҷоми “ҷиҳоди исломӣ” ба давлатҳои ҷангзадаи арабӣ рафтанд ва қисмате аз онҳо зимни гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯӣ-оперативии мақомоти қудратӣ боздошт гардиданд.

Раванди ифротӣ гардидану “ҷиҳодӣ” шудани ҷавонони ҷамоат на як марҳила, балки чандин мароҳилро аз сар гузаронида, замони зиёдеро дар бар гирифтааст. Метавон марҳилаҳои мазкурро шартан ба се марҳилаи асосӣ – ором, тезутунд ва ба “ҷиҳод” рафтан қисмат кард:

Марҳилаи якум чандин давра – аз санҷидану шомил кардани ҷавонони эътимоднок ба ячейкаи террористӣ то ба онҳо омӯзонидану таълим додани ақоиди ифротиву террористиро дар бар мегирад. Бояд қайд намуд, ки ҷавонони гаравида дар марҳилаи мазкур худро нисбатан ором нишон дода, симои зоҳирии худро исломизатсия мекарданд. Яъне тарзи пӯшидани либосу гузоштани риш ва гуфтору рафтори худро ба ислом мутобиқ мекарданд, ки ин рафтори ғайричашмдошти онҳо сокинони ҷамоатро ҳайратзада мекард.

Марҳилаи дуюм марҳилаи тезу тунди ҷавонони гурӯҳ буд. Яъне дар ин марҳила ҷавонони гаравида бо шакл ва симои тамоман дигар ва рафтору гуфтори ба мардуми ҷамоат бегона худро зоҳир карданд. Онҳо бо либосҳои якхела ва мӯи сари пасту ришҳои дарози қайчинозада дастаҷамъона мегаштанд. Оҳиста-оҳиста ба масоили ақидатӣ ва фиқҳӣ чанг зада, дигаронро кофиру таоми онҳоро ҳаром мегуфтанд. Зиёрати қабрро ширк ва зиёраткунандаи онро мушрик мехонданд. Тарзи хондани намозашонро тағйир доданд (бо садои баланд гуфтани такбирҳои дохили намоз, нахондани суннати пеш аз намози ҷумъа, то китфон бардоштани дастон ҳангоми такбирҳои намоз, ҳангоми қиёми намоз дастонро дар сина гузоштан ва ғайра) ва дигаронро маҷбур ба тағйир додани тарзи намоз мекарданд. Ба муллоҳову имомони суннатӣ дармеафтиданд.

Марҳилаи сеюм марҳилаи кулминатсионии раванди мазкур буда, хати охири он “ҷиҳод” аст. Марҳилаи мазкур нишон дод, ки эмиссарони хориҷӣ то андозае муваффақ шудаанд ва ҳудуди даҳ нафар ҷавони ғофилро ба дом афтонида, гумроҳ карданд ва барои “ҷиҳод” ва ё анҷоми дигар корҳои ифлоси худ озими давлатҳои ҷангзадаи араб сохтанд.

Ин буд авомл ва мароҳили ифротӣ шудани баъзе ҷавонони Ҷамоати деҳоти Чуст.

Хушбахтона, бо талошу кӯшиш ва амалиёти оперативӣ-ҷустуҷуии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (КДАМ ТҶ ва РМЗҶМ ВКД ҶТ) саркардаи ячейкаи мазкур боздошт ва фаъолияти минбаъдаи он қатъ карда шуд. Инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и ноҳияи Шаҳринав, имомону имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ бо роҳҳои вохӯрӣ бо ҷавонон, нишасту фаҳмондадиҳиҳо оташи фитнаи мазкурро хомӯш карданд.

Имомиддин Солиев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи “Мавлоно Фатҳуллоҳи Чустӣ”-и н. Шаҳринав