МӮСОЗОДА ДАР МАВРИДИ ПЕШНИҲОДИ МИРЗОЗОДА: “БА ҲАЁТ БО ДИДИ НАВ НАЗАР КУНЕМ”

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари  баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат, инчунин дар роҳи дарку фаҳми ҳақиқати зиндагӣ, воқеияти рӯзгор, шинохтани усулҳои дурусти рӯзгордорӣ таъсири бориз гузошт. Имрӯз ҳар як инсони бо нангу ор кӯшиш мекунад, ки чун Пешвои миллат барои дастгирии камбизоатон,ё беҳдошти вазъи кор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳми худро гузорад. Воқеан дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қонун қабул кард ва ин қонуни миллиро мардум хуб пазируфтанд ва дар ҳаёт татбиқ намуда, зиндагии оқилонаро ҳадаф гузоштаанд. Маҳз ҳамин Қонун сабаб шуд, ки мо аз хурофот, намоиши тавоноиву молдорӣ, кӯшиши дарёфти обрӯи сохта даст кашем.

Имрӯзҳо мардуми доно ва бомасъулият ҳамчун намуна дар байни ҷомеа кӯшиш доранд, ки кореро анҷом диҳанд, ки он ба нафъи ҷомеа боошад. Махсусан, дасти мадад дароз кардан ба ниёзмандон беҳтарин хусусияти инсонист.

Азизулло Мирзозода, муовини  раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон дар мавриди масъалаи мазкур ибрози назар намуд, ки дар пайи он дар сомонаи “Озодӣ” матлабе бо номи “Кумак ба мактаб... ба ҷои худоӣ” нашр шуд ва дар атрофи ин матлаб андешаҳои гуногун баён гардид.

Аз ҷумла Азизулло Мирзозода сокинонро даъват мекунад, то маблағҳое, ки ба тӯю маъракаҳои пурдаддаба изофа аз меъёр истифода мешаванд, хуб мебуд  барои ободкориҳои маҳаллаи худ ва кумак ба арсаи маориф сарф кунанд.

Ин даъват беҳтарин андеша буда, ҳидояти мардум ба ободкориву илму маърифат мебошад. Ин ташаббусро дастгирӣ мебояд.

Чунонки дар ҳадиси шариф омадааст, беҳтарин кори савоб, ки ҳам дар ҳаёт ва ҳам баъди вафот савобаш ба майит мерасад, се навъ аст, ки яке аз он садақаи ҷория, яъне дарахт шинондан, об баровард, барои ҷамъият иморате бино кардан, аз худ асари илмие боқӣ гузоштан ё фарзанди солеҳ тарбия кардан мебошад.

Пешниҳоди Азизулло Мирзозода дар робата ба тағйири шеваи расонидани хайру садақа воқеан қобили дастгирст.

Мо, ки доим ҳамроҳи ҷамоат ҳастем, мушоҳида мекунем, ки мардум ин гуна пешниҳодро хуш қабул мекунанд ва ба он арҷ мегузоранд. Аслан мо бояд дар мавриди масъалаи мазкур назари фарох дошта бошем ва ба ҳаёт бо диди нав ва дурбинона назар намоем. Ин аст маънии зиндагии оқилона.  

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Шайх Маслиҳатдини ш. Хуҷанд