ТАЛОШҲОИ ИМОМИ АЪЗАМ БАҲРИ ВАҲДАТ ВА ЯКПОРЧАГИИ ИНСОНИЯТ

  • Posted on: 29 March 2018
  • By: admin

         Ҳар боре ки ба таърихи миллати тоҷик назар меандозем, симои даҳҳо фарзандони барӯманди халқ пеши назар меояд, ки мо бо номи онҳо метавонем воқеан ифтихор намоем.

         Ситораи пурҷилову тобноке беш аз ҳазор сол  инҷониб аз қаъри асрҳо бо нури маърифату хирад андешаи моро равшанӣ мебахшад. Ин ахтари дурахшони дунёи маънавӣ, бешубҳа, ҳакими ориф, мутафаккири нуктасанҷ, пешвои аввалин мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат Нӯъмон ибни Собити Куфӣ, мулаққаб ба Абӯҳанифа, маъруф ба Имоми Аъзам (р) аст.

         Воқеан шахсони бузурге чун Имоми Аъзам (р) танҳо ба миллату маҳал маҳдуд набуда, бузургии онҳо аз ин доираҳо берун омада, баҳри хидмати аҳли башар вусъати ҷаҳонӣ пайдо мекунад, ки нишонаи возеҳи он эътирофу эҳтироми миллату халқҳои гуногун аст.

         Имоми Аъзам (р), бешубҳа, аз ҷумлаи чунин симоҳои намоён аст, ки шӯҳрату нуфузи ӯ дар олами ислом беназир аст.

         Имоми Аъзам (р)-ро сарнавишти аҷибу пурифтихоре насиб гардидааст. Вай зодаву парвардаи Кӯфаи Ироқ буда, азизи Тоҷикистон, ифтихори Ҳинду Покистон ва писандидаи Арабистон мебошад.

Аз эътирофи Имоми Аъзам (р) ва ихлосу эҳтироми мардумони кишварҳои гуногун ба ӯ ин амр низ дарак медиҳад, ки ба ифтихори вай ёдгориҳои арзандаи меъморӣ, аз қабили гунбад, хонақоҳ ва мақбара бунёд кардаанд.

Масҷид, гунбад ва мақбараи Имоми Аъзам (р) дар шаҳри Кӯфаи Ироқ, масҷидҳо бо номи Имоми Аъзам (р) дар саросари олами ислом шоҳиди возеҳи он аст.

Равшан аст, ки бузургтарин хидмати орифон эҳтиром ва муҳаббат ба башарият аст. Имоми Аъзам (р) низ, бегумон, аз ин қабил ҳакимони ориф мебошад, ки ҷавҳари таълимоти ӯро гуманизму инсондӯстии оқилона ва наҷибона ташкил медиҳад.

Равияи Муътазила, ки муртакиби гуноҳи кабираро кофир медонистанд, боре бо Имоми Аъзам (р) ба мунозара бархостанд:

– Чӣ мегӯед дар ҳаққи ин ду ҷанозае, ки яке марди шаробхор буда, аз сабаби нӯшидани шароби бисёр ба ҳалокат расидааст ва дувумӣ занест, ки аз зино ҳомиладор шуда, даст ба худкушӣ задааст.

Имоми Аъзам (р) пурсиданд:

– Магар инҳо аз қавми яҳуданд?

– Не.

– Аз насоро ё маҷусанд?

– Не.

– Пас инҳо аз кадом қавманд?

–Инҳо гӯяндагони калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммаду-р-расуллуллоҳ» ҳастанд.

– Бигӯед, ки калимаи шаҳодат сеяки имон аст ё нисфи имон?

Муътазилиён бо қаҳр гуфтанд:

– Имон сеяку нисф надорад, имон кулл аст, шумо бигӯед, ки инҳо аҳли биҳиштанд ё дӯзах?

Имоми Аъзам (р) фармуданд:

–Ман ба шумо сухани Ҳазрати Исо (а)-ро меоварам, ки бо Худо муноҷот мекард:

«Агар онҳоро мавриди азоб қарор диҳӣ, ҳамоно бандагони туанд ва агар онҳоро биёмурзӣ, ба дурустӣ ки Ту омурзандаву бениҳоят меҳрубонӣ».

Сипас Имоми Аъзам (р) силсилаи оятҳоро дар заминаи бахшиши гуноҳ ба муътазилиён пешкаш намуд, ки онҳо зери таъсири оёти Қуръони карим аз азмашон баргаштанд («Табйизу-с-саҳифа фи маноқиби Абиҳанифа», Ҷалолуддини Суютӣ). 

Мағз андар мағзи осори Имоми Аъзам (р)-ро васфи инсон, баланд бардоштани манзалату мартабаи ӯ, ҳимояи манфиати ҳаётии вай, таъкиди мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар фард, эҳтироми зан-модар, такмилу тақвияти суннатҳои фалсафию ирфонии худшиносию худогоҳӣ, роҳу тариқаҳои тарбияи ахлоқӣ ташкил медиҳанд.

Ин марди фозил аз худ асарҳоеро ба ёдгор гузоштааст, ки онҳо аз имтиҳони таърих гузашта, дар ҳама асру замонҳо хидмат карда метавонад. Бисёр ҳикматҳои пурарзиши он ҳазрат ба аҳдофи режимҳои дунявӣ созгор ва бар ҳар сохти иҷтимоии адолатпарвар судманданд.

Имом Абулайло муддати сӣ сол дар Кӯфа қозӣ буд. Имоми Аъзам (р) барои изҳори ҳақиқат ва ислоҳи умур ба баъзе фатовои эшон эътироз мекард. Ин буд, ки Абулайло ба ҳоким шикоят кард ва ҳоким Имоми Аъзам (р)-ро аз фатво додан манъ кард.

Рӯзе Имом Абӯҳанифа дар хонааш нишаста буд, ки духтараш пурсид:

–Падарҷон, имрӯз рӯзадор будам, аз милки дандонам хун ҷорӣ шуда, ба ҳалқам рафт, оё рӯзаам боқист ё не?

–Духтарам, аз бародарат Ҳаммод бипурс, ки маро ҳоким аз фатво додан манъ кардааст («Воқеоти ҳайратангези Имоми Аъзам Абӯҳанифа», Абдулқаюми Ҳаққонӣ).

Мисоли беҳтаре дар бораи қабули ҳукми ҳоким ва амонатдорӣ бештар аз ин чӣ бошад?

Муносибати поку боэҳтиромона дар оила, ба падару модар, зану фарзанд ва хешу ақрабо, дастгирии бечорагону корафтодагон, ба ақидаи он ҳазрат, ҳамон пайвандест, ки метавонад як оиларо бо оилаи дигар ва ҳамин тавр як ҷамоаро бо ҷамоаи дигар ва дар ниҳоят тамоми раияти давлатро муттаҳид созад. Чунонки пай бурдед, мо дар ин марҳилаи душвори давлатсозии худ маҳз ба ҳамин гуна муттаҳидии ҷомеа эҳтиёҷ дорем.

Нақл аст, ки модари Имоми Аъзам (р) монанди умуми занон ба воизони достонсаро ва ақволашон бештар эътимод дошт. Дар Кӯфа воизе бо номи Амр ибни Зар зиндагӣ мекард, ки модари Имоми Аъзам (р) ба ӯ хеле эътимод ва эътиқод пайдо карда буд. Ҳар масъалаеро, ки барояш пеш меомад, ба имом дастур медод, то аз Амр ибни Зар истифто кунад. Имом тибқи дастури модар назди Амр рафта, ҷавобро ҷӯё мешуд. Дар аксари авқот Амр ҷавоби масъаларо намедонист ва аз Имоми Аъзам (р) дархост мекард, ки ҷавоби масъаларо бигӯяд ва ӯ аз забони имом ҷавобро такрор мекард.

Замоне ки Имоми Аъзам (р)-ро дар зиндон, дар ҳузури модараш шаллоқ мезаданд, Имом мефармуданд:

–Аз ин шиканҷа нороҳат нестам, вале аз ин ки модарам аз ин масъала ғамгин мешавад, нороҳат ҳастам («Симои Имоми Аъзам (р), Шиблии Нӯъмонӣ»).      

Дар ин давру замон, ки бар асари пош хӯрдани низомҳои гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, падидаҳои носавоб, бархӯрдҳои ҳасадовар ҷомеаи башарӣ ба мушкилоти мухталиф дучор омадааст, васиятҳои ҳакимонаи Имоми Аъзам (р) дастурамали пурарзише буда метавонанд.

Чунончи дар васяити худ ба фарзандаш Ҳаммод фармудааст:

«Ба ин панҷ ҳадисе, ки аз миёни панҷсад ҳазор ҳадис интихоб кардаам, амал кун:

1. Дору мадори тамоми аъмол бар ният аст ва подоши ҳар шахсе мутобиқи нияти он хоҳад буд.

2. Аз аломоти диндории як шахси мусулмон ин аст, ки корҳои беҳуда ва бефоидаро тарк гӯяд.

3. Ҳеҷ яке аз шумо то ҳангоме мусулмони комил наметавонад бошад, ки он чиро барои худаш меписандад, барои бародари мусулмонаш низ биписандад.

4. Ҳалол ва ҳаром ошкор аст ва дар миёни он ду масоили зиёде муштабеҳ аст, ки бисёре аз мардум онро намедонанд, пас касе ки аз шубаҳот парҳез кунад, дину обрӯяшро маҳфуз доштааст. Ва касе ки дар шубаҳот биафтад, дар ҳаром афтодааст, монанди чӯпоне ки рамаашро дар атрофии киштзор мечаронад, анқариб ба киштзор дохил хоҳад шуд.

5. Мусулмони комил касест, ки мусулмонони дигар аз дасту забонаш солим бимонанд».    

Мутафаккир ҳатто баровардани ҳоҷати эҳтиёҷмандонро аз тоату ибодат авлотар мешуморид. Аз нигоҳи ӯ омили инсонӣ аз омили мазҳабӣ болотар аст. Мақсаду мароми асосии фалсафаи ин марди хирадманд ба дараҷаи инсони комил расондани ҳар фарди ҷомеа аст, ки тавонад дунёи маънавӣ ва олами ҷисмониашро аз айбу нуқс, унсурҳои зишт пок намуда, ба туфайли қаноат, сабру таҳаммул, идроку маърифат, ғайрату риёзат, садоқату рафоқат, ҷисмониёту маънавиёташро ба ҳадди камол расонад.

Дар ҳамсоягии Имоми Аъзам марди шаробхоре  зиндагонӣ мекард, ки шабҳо бо дӯстонаш ба рақсу тарона машғул буд ва хотири Имоми Аъзам (р)-ро мушавваш месохт.

Саранҷом рӯзе яке аз маъмурини интизомӣ ӯро ба зиндон андохт. Чун Имом Абӯҳанифа (р) ҳамон шаб ҳеҷ гуна садое аз манзили ҳамсоя ба гӯшаш нарасид, аз асли воқеа пурсон шуд. Баъд аз иттилоъ ёфтан ҷиҳати илтиҷо пеши амири он шаҳр рафт.

Амир фармуд:

– Чаро ба омадан худатонро заҳмат додед? Агар ходимеро мефиристодед, кофӣ буд.

Баъдан амир дастур дод, то ҳамсояи Имоми Аъзам (р)-ро бо дӯстонаш озод кунанд. Чун он ҷавон аз зиндон берун омад, фавран назди Имоми Аъзам ҳозир шуда, аз тамоми аъмоли зишт тавба кард. Сипас бар ҳалқаи дарси Имоми Аъзам (р) ҳозир шуда, саранҷом аз ҷумлаи уламои Кӯфа гашт («Қиссаҳо аз рӯзгори Имоми Аъзам (р)»)       

Ҳусну таровати таълимоти ахлоқии Имоми Аъзам (р) тавсифу таъкиди унсурҳои ахлоқи неку писандидаи башарӣ, амсоли фурӯтанӣ, хоксорӣ, вафодорӣ, тавозӯъ, камозорӣ ташкил медиҳад, ки намунаи дилписанди он рубоии зерин мебошад.

 

Айб аст баланд баркашидан худро,

В-аз ҷумлаи халқ баргузидан худро.

Аз мардумаки дида бибояд омӯхт,

Дидан ҳама касрову надидан худро.

(Мирсаид Алии Ҳамадонӣ)

        

         Олими мағруре дар ҳалқаи дарсии Кӯфа ба аҳли он хитоб кард:

         –Истеъдодам ба андозае зиёд аст, ки метавонам ба мушкилтарин саволҳо ҷавоб диҳам.

         Ҳазрати Имом Абӯҳанифа (р) дар миёни ҳозирин буд, гуфт:

         –Ман саволе аз ту мекунам ва мехоҳам, ки ҷавоби онро саҳеҳ ба ман бидиҳӣ.

Марди олим гуфт:

         –Саволи ту кадом аст?

         –Имом Абӯҳанифа (р) пурсид:

–Мурчае, ки бо Ҳазрати Сулаймон (а) сухан гуфта буд, нар буд ё мода?

Марди олим сукут карду гуфт:

–Инро Худо медонад.

Ҳазрати Имом Абӯҳанифа (р) фармуд:

–Он мурча мода буд.

Марди олим гуфт:

–Далели ту чист ва аз куҷо медонӣ?

Ҳазрати Имом Абӯҳанифа (р) гуфт:

–Чун Худо дар Қуръони карим чунин фармудааст: «Ва қолат намлату», яъне мурчае (мода) гуфт.

Сипас Ҳазрати Имом Абӯҳанифа (р) ба он марди олим гуфт:

–Манзури ман ин набуд, ки аз ту савол кунам, лекин мақсуди ман ин буд, ки ба ту бифаҳмонам, ки ҳаргиз ба худ мағрур мабош («Нуру-л-ҳақиқат», Муҳаммадазими Ҳусайнбар).

         Метавон гуфт, ки Имоми Аъзам (р) бо фаъолияти доманадору серсоҳа ва пурфайзаш барои халқҳою кишварҳои гуногуни машриқзамин хидмати босазое кардааст.

Вай ба ин васила ҳамчун сафиру вакили илму фарҳанг, ҳунар ва адабу ирфон дунёи маънавии мардуми мусулмонро бо ҳам наздик гардонд, дар тақвияти робитаҳои дӯстии онҳо саҳми шоиста дошт.

Ном ва осори гаронбаҳои ин ситораи тобноки илму маърифат дар осмони тамадуни башарият ҷовидона нурпошӣ хоҳад кард.

Пос доштани хотираи бузургоне мисли Имоми Аъзам (р) ва дигар шахсиятҳои нотакрори илму адабамон набояд фақат ба хотири ифтихору болидан бошад.

Мо фақат дар ҳамон сурат эҳтироми бузургонамонро комилан ба ҷо меорем, ки осори онҳоро омӯзем, фарзандонамонро дар рӯҳияи таълимоти онҳо тарбия кунем, фармудаҳои онҳоро дастури амал қарор диҳем, то ки дар оянда ҳам аз байни халқи мо ба мисли Имоми Аъзам (р), Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ фарзандони барӯманд ба воя расанду мо дар рушди тамаддуни башар саҳмгузор бошем.

Мавзуна Бегназарова,

сармутахассиси Кумита