ЧАРО ХОДИМОНИ ДИН ХОМӮШ БУДАНД?

  • Posted on: 16 May 2018
  • By: admin

Аз ёдам ҳеҷ фаромӯш намешавад, солҳое, ки дар кишвари азизамон  нобасомониҳо рух дода буд... Он солҳо 14-15 сол доштам, падарам дар қайди ҳаёт набуданд, барои як модари серфарзанд бе падар хӯронидану пӯшонидани фарзандон хеле мушкил буд. Азоби гурснагии зиёд кашидем, чунки дар он солҳо  тамоми  роҳҳо ба сӯи  шаҳри Кӯлоб баста буд. Хушбахтона, ба тақдири неки мардуми Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари ҳокимият омаданд. Бе муболиѓа, аз рӯзҳои аввалини  роҳбариашон аллакай ба хонаи ҳар як сокини кишвар ва аз ҷумла ноҳияҳои  минтақаи Кӯлоб маводи хӯрока дастрас гардид. Модарам вақте нонро аз танӯр меканданд, бо оби чашм нонро бар дидаҳошон мемолиданду мегуфтанд: «Илоҳо хока гирӣ, зар гардад, Эмомалӣ». Дар он рӯзҳо ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки боз хурсандию шиками серро мебинанд, чунки кишвар дар ҳолати ногувору ташвишовар қарор дошт. Чӣ бадбахтиҳое, ки ба сари мардум наомад… Ҳамаи мушкилоти мардум як сӯву мушкилоти баргузории маъракаву маросимҳо як «дарди сар»-и дигар буд. Худо накарда, агар дар хонадоне нафаре мефавтид, зиндаҳои ӯ барои баргузории маъракаҳои  сари тахтаву, серӯзагӣ, ҳафтаю ҷумъагӣ, шашмоҳагиву чилу соли майит дар зери қарзу қавола буданд,

Масалан, бо амри тақдир соли 1994  бародари хурдиям  дар синни 14-солагӣ  вафот кард. Муллои маҳалла ба хонаи мо омада аз меъёрҳои шаръии  дини мубини ислом бурҳону далел оварда мегуфт, ки  кӯдаки Шумо чаҳордаҳсола “ба гуноҳа расидааст”, бинобар ин, ҳатман ҳар ҳафта дар ҳақи авроҳи ӯ маъракаи панҷшанбегӣ гузаронидан даркор.  Модарам зани деҳотии сода, бе маълумоти олӣ, дар ягон ҷо кору фаъолият намекард. Баъди шунидани суханҳои муллои маҳалла модари ҷигарреш аз доғи фарзанди чаҳордаҳсола ҳамеша мегуфт, ки «фарзандам дар ин дунё чизе надид, бояд кори аз дастамон меомадаро бикунем,то дар қабр ором бихобад» ва ҳар ҳафта пайваста ин маросимро анҷом медод. Худованд раҳми модари маро хӯрду дар як маѓоза ҳамчун фаррош ӯро ба кор қабул карданд, аммо бо маоши хеле паст. Бар зами ин, 5-фарзанди дигарро хӯрондану пӯшондан лозим буд. Хулоса ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе дастархон ороста мешуд ва соати як аллакай 10-15 нафар ба маърака меомаданд. Таъом бояд бе гӯшт намешуд, боз модарам  анвои шириниву орзуқу  қаламаро барои пур кардани дастархон омода мекард. Охири кор бо ҷамъ намудани хӯрокҳои болои дастархон анҷом меёфт, Дар охири маъарака боқимондаи  дастархон ба як рӯмолча печонида шуда, ҳатман ба мулло дода мешуд.

Худо шоҳид, ки ҳамаи ин суханонро на ба хотири миннат кардани он чи модарам карда буд, мегӯям, балки то имрӯз ба як суоли худ посух наёфтаам. Дар ҳоле, ки  ин ҳама сарфу харҷи беҳуда талаботи шариати исломӣ набудааст, чаро боре ҳам ходимони дин ҳақиқатро ба гӯши ҷомеа нарасонидаанд. Чаро интизор шуданд то даме, ки ба ин масъала бо эҳтимому таваҷҷуҳи ҷиддии худ Пешвои муаззами миллат расидагӣ кардаанд?. Вақте зимни суханронии худ дар яке аз мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «ман солҳои зиёд таҳлил кардам ва омӯхтам….. Чунин сарфу харҷи беҳуда на дар Қуръони карим ва на дар суннати Паёмбар вуҷуд надорад» маро эҳсоси аҷибе фаро гирифт. Воқеан дар ин мулоқот ходимони дин низ иштирок доштанд ва ҳама ба даҳон об гирифта буданд. Зеро Пешвои муаззами мо бо хиради азалии худ бори дигар халқро аз вобастагӣ  ба банди хурофоту ҷаҳолат раҳоӣ бахшиданд. Зиҳӣ, Пешвои миллати тоҷик!!! Зиҳӣ!!!

Нигинамо Ризоева,

сармутахассиси Кумита