ҶАНГИ ҲАФТОДУ ДУ МИЛЛАТ ҲАМАРО УЗР БИНЕҲ...

  • Posted on: 17 May 2018
  • By: admin

Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,

Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.

Имрўзҳо дар гўшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Дар робита ба хавфи экстремизм ва терроризм рӯзи 4 май дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, инчунин намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз иштирок карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо изҳори нигаронӣ аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризму экстремизм, қурбон гаштани ҳазорон мардуми бегуноҳу бе хонаву дар мондани миллионҳо одамон,  зарурати таҳияи тадбирҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии ин зуҳуроти манфӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, гуфтанд: "Мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон раванди рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани "ҷанги сард” возеҳ мушоҳида мешаванд. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ.”

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол нисбат ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ аз меъёрҳои дугона кор мебаранд, ки куллан қобили қабул намебошад.

Президенти кишвар бори дигар аз дини мубини ислом дифоъ намуда фармуданд, ки набояд терроризм ба номи ягон дин, аз ҷумла ба дини ислом баста шавад: "Бадном кардани дини мубини ислом, ки имрўз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад.

Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.

Дар ин робита, ман борҳо таъкид намудаам ва ҳоло бори дигар иброз менамоям, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад.

Террорист — террорист аст ва ў ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.

Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд ”.

Пешвои миллат дар суханрониашон аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 дар Тоҷикистон низ ёдовар шуданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри XX – ҳанўз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт.

Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.

Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрўзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рў ба рў шуда буд.

Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зўрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд”.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро таҳмилӣ номида, гуфтанд, дар он ҷанг “садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем”.

Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳанўз солҳои навадум таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба хавфи терроризм ҷалб карда буд, аммо танҳо баъди амалҳои террористии даҳшатовари 11 сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷуҳи худро ба он равона намуданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки “Мо ҳанўз дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, зарурати ҳалли бетаъхири мушкилоти кишвари ҳамсояамон — Афғонистонро батакрор таъкид мекардем.

Мутаассифона, дар суҳбатҳои хосса баъзе сиёсатмадорони сатҳи баланд мегуфтанд, ки ин мушкилоти шумо ва минтақа аст, на мушкилоти мо.

Илова бар ин, чунин мешумориданд, ки сабабҳои пайдо шудани ин мушкилот рақобатҳои носолими қавмиву этникӣ дар минтақа аст.

Лекин вақт нишон дод, ки ҳама он ҳушдорҳои мо воқеӣ будаанд ва натиҷаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онвақта имрўз ба хатару таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтанд”.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки вақтҳои охир зуҳур намуд, ин паҳн намудани ғояҳои ифротӣ дар шабакаи интернет мебошад. Пешвои миллат ин масъаларо муҳим арзёбӣ намуда, чунин гуфтанд: “Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад.

Аз ин лиҳоз, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кумаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳими комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад”.

Конференсияи мазкур аҳамияти хоса дошта, баҳри дарёфти роҳҳои паст намудани хушунат равона гардида буд. Дар робита ба ин Сарвари давлати тоҷикон аз ҳамаи давлатҳо чунин даъват ба амал оварданд: “Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии Афғонистон дар ин раванд ва бо ҳамин роҳ беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумакҳои амалии худро афзоиш диҳад.

Дар ин иртибот, бори дигар таъкид месозам, ки пирўзӣ бар терроризму ифротгароӣ танҳо бо роҳи низомӣ ғайриимкон мебошад.

Дар ин раванд дар мадди назари доимӣ нигоҳ доштани ҷанбаҳои иҷтимоии афзоиши ин зуҳурот зарур дониста мешавад.

Фақру камбизоатӣ, бекорӣ, сатҳи пасти саводнокӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки одамонро водор менамоянд, то дар ҷустуҷўи адолати иҷтимоӣ ба ғояҳои зўроварӣ рў оранд”.

Дар охири баромади худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интизориҳои худро аз конференсияи мазкур чунин баён намуданд: “Итминон дорам, ки натиҷаҳои конфронси имрўзаи мо ҷиҳати вусъати тоза бахшидан ба ҳамкориҳо дар самти муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва расидан ба ҷаҳони озод аз ин зуҳуроти хатарноки аср мусоидат хоҳанд кард”.

Диловар Сафаров,

Мутахассиси пешбари Кумита